Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатиро супориданд

ТВТ. 27.08.2022. 25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар давлатдории миллии мо мебошад.

Бояд гуфт, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои пешрафти соҳаҳои саноату кишоварзӣ, нақлиёту энергетика, сохтмон, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди сайёҳӣ, варзиш ва идома додани татбиқи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

Таъкид гардид, ки соли 2022 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад, зеро бо вуҷуди таъсири манфии вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон ба иқтисоди миллии мо соли ҷорӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар амалӣ гардидани корҳои зикршуда ҳиссаи ҳар яки шумо дар ин толор нишастагон арзанда мебошад.

Таъкид карда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ, аҳли маориф, зиёиёну эҷодкорон дар соҳаву бахшҳои худ софдилона заҳмат кашида истодаанд ва ба хотири анҷом додани иқдомоти созанда ташаббусҳои ватандӯстона нишон дода истодаанд. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати софдилона, хизмати содиқона ва фаъолияти созандаи ҳар шахсро ба таври шоиста қадрдонӣ мекунанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳамаи мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳар як амали созандаи мо ва фаъолияти ободгаронаамон заминаи устувор барои зиндагии шоистаи насли имрӯз, ояндаи фарзандон ва наслҳои минбаъдаи халқамон мебошад. Яъне аз корманди одӣ сар карда, то олимону зиёиён, мутахассисон ва ходимони сиёсӣ бояд дар доираи донишу малака ва имконияту таҷрибаи худ барои рушди давлат, ободии Ватан ва осоишу оромии ҷомеа вазифаи инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоянд.

Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки бо заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсти тоҷик барои истиқболи сазовори 30-солагии истиқлоли давлатӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни муқаддаси миллӣ беш аз 25 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоиро бунёд ва ба истифода супорида шуд, ки дар натиҷа имрӯз симои ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то дурдасттарин деҳоту маҳалҳои аҳолинишини он хеле обод ва дигаргун шуда, шароити зиндагии мардум нисбат ба солҳои пеш бамаротиб беҳтар гардидааст.

Ҳоло раванди ободониву созандагӣ ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон бомаром идома дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки то ин ҷашни бузург боз ҳазорҳо иншооту биноҳои навбунёд қомат афрохта, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун мегардад ва барои ҳамватанонамон садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.

Сарвари давлат аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки онҳо ҳамчун шахсиятҳои ташаббускору пешсафи ҷомеа, бояд минбаъд низ саҳми ватандӯстонаи худро дар раванди ободонии Ватани азизамон ва боз ҳам пешрафта гардонидани давлати соҳибистиқлоламон гузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат як гуруҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, аз ҷумла олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзон ва соҳибкорон, ки дар рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз шуданд.

Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг, санъат, сохтмон, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат бештар аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзон ва соҳибкорон, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2022, ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2022, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022 ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022 қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон”, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 25 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 11 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 23 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 82 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали Шафқат, 2 нафар бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 7 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, 3 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2022, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва 8 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.

Ҳамчунин, тибқи қарори комиссияи дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022 гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 18 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ пешниҳод намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳавасманд гардонидани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар омӯзгорону олимони беҳтарин бо ин мукофот сарфароз гардонида шавад.

Дар маросими мукофотсупорӣ бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022 14 нафар сарфароз карда шуданд.

Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат равона месозанд.

Манбаъ: prezident.tj

Tags: