Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ бо ҳайати мушоҳидони Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳти сарварии ҳамоҳангсози гурӯҳ- Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба сохторҳои федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои Шимолӣ  Олег   Мелниченко,  ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати мо ташриф овардаанд,  ба ҳузур пазируфтанд.  Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Марҳилаи муҳими рушди ҷараёни назорати байналмилалии интихобот дар кишварҳои ИДМ тасдиқи «Конвенсия дар бораи меъёрҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ» аз ҷониби кишварҳо-иштирокчиёни Ассамблеяи байнипарламентии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он аз соли 2003 ҳамроҳ мебошад.

Тавре таъкид гардид таҷрибаи Ассамблеяи байнипарламентӣ шурӯъ аз соли 1994 дар анҷоми мониторинги интихобот бахши муҳими фаъолияти он ба шумор меравад.

Дар мулоқот изҳори боварӣ гардид, ки иштироки ҳайати мушоҳидони Ассамблеяи байнипарламентии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихобот бидуни ягон шак ба таъмини принсипи ошкорбаёнӣ ва шаффофияти ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусоидат мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: