Варзишгари маъруфи тоҷикБаҳодур Усмонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Бангкоки Тайланд дар вазни 64 кг миёни мардон чемпиони Осиё шуд. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Баҳодур Усмонов дар вохӯрии ниҳоӣ бар варзишгари Урдун — Обада Ал-Касбе ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бар варзишгари Ҷопон Далсуки Нариматсу, дар чорякфинал бар муштзани Туркманистон Туғрулбег Паззиев ва дар нимфинал бар варзишгари Қазоқистон Саматалӣ Толтаев ғалаба кард.
Бояд зикр кард, ки Баҳодур Усмонов таҳти роҳабрии мураббии маъруф Мирзо Шамсиев тамрин мекунад ва моҳи феврали соли равон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қирғизистон низ соҳиби медали тилло гардида буд. Баҳодур баъд аз 8 сол медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба боксро ба Тоҷикистон овард.
Хотиррасон менамоем,ки соли 2011 муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар вазни 56 кг дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба унвони Чемпиони Осиё даст ёфта буд. Ҳамчунин Ҷаҳон Қурбонов соли 2008 ва Мавзуна Чориева соли 2010 чемпиони Осиё оид ба бокс гардида буданд.
АМИТ «Ховар»