Дар асоси назарсанҷие, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон миёни намояндагони ВАО-кишвар доир намуд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастрастарин мақомоти давлатӣ миёни вазорату идораҳои мамлакат эътироф гардид.
Натиҷаи назарсанҷиҳо ва озмунҳое, ки аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Академияи ВАО-и Тоҷикистон эълон гардида буд, 11 март зимни ҷамъомади тантанавӣ дар маросими таҷлили 107-умин солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик дар Душанбе эълон карда шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар иттилоъ медиҳад, ки дар номинатсияи «Нашрияи сол» ҳафтаномаи Вазорати маориф ва илми кишвар «Омӯзгор» ғолиб гардида, радиои «Фарҳанг» «Радиои сол», Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон -«Баҳористон» «Телевизиони сол», маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Беҳтарин маркази матбуоти сол», маҷаллаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Сарзамин» «Маҷаллаи сол», рӯзноманигори шинохта Шариф Ҳамдампур «Сармуҳаррири сол» эълон гардида, бо диплому мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар байни нуҳ хабаргузории дар Тоҷикистон фаъол «Агентии иттилоотии сол» эътироф гардида, бо дипломи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон дар ҷамъомади тантанавӣ АМИТ «Ховар» барои ҳамкории пурсамар, саҳми арзишманд дар тарғиби ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ бо сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
АМИТ «Ховар»