Дар Москва конфронс оид ба Афғонистон баргузор мегардад

5-6 феврал дар Москва конфронси сиёсатмадорон ва ходимони намоёни афғон баргузор мегардад, ки дар он масоили марбут ба вазъ дар Афғонистон баррасӣ хоҳанд шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» иттилоъ медиҳад.

Дар конфронс, ки бо ташаббуси ҷамъияти афғонҳои Россия доир мешавад, илова бар сиёсатмадорону фаъолони Афғонистон намояндагони ҷамъиятҳои як зумра кишварҳои дигар низ иштирок менамоянд.

Таваҷҷуҳи махсус дар ин конфронс ба иштироки намояндагони ҳаракати толибон, ки моҳи ноябри соли 2018 дар Москва дар конфронси «сиғаи Москва» оид ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ширкат варзида буданд, зоҳир карда мешавад.

Мақомоти Афғонистон то ҳанӯз дар бораи иштирокашон дар ин конфронс иттилоъ надодаанд.

ВКХ Россия иттилоъ дод, ки конфронси мазкур маҳз аз ҷониби ҷамъияти афғонҳо даъват карда шуда, идомаи конфронси «сиғаи Москва» оид ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ба ҳисоб намеравад.

АМИТ«Ховар»

Tags: