Пас аз шиносоӣ бо ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии аҳли заҳмати ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 182-ро, ки дар деҳаи Ҷӯйбодоми деҳоти Чортеппаи ноҳия бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавони мамлакат, бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.
Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст. Муассисаи таълимӣ аз 28 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, 4 кабинети фаннӣ: химия, физика, математика, биология, 4 синфхонаи таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои писарон ва духтарон, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона бо ду утоқи алоҳидаи китобхонӣ ва 18 ҳуҷраи ёрирасон иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар муассиса баҳои баланд дода, аз фароҳам шудани шароити арзандаи таълим ба масъулон ва омӯзгорон ҷиҳати тарбияи дурусти насли ояндаи миллат ва дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки барои 150 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст ва дар он барои хонандагон хӯрокҳои гарму болаззат пешниҳод мегардад. Барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани насли наврасу ҷавон дар муассисаи таълимӣ толори барҳавову муосири варзишӣ сохта шудааст, ки 240 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.
Толори варзишӣ асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст. Дар толори мазкур хонандагон имкон доранд дар рафти машғулиятҳои варзишӣ ба обу тоби бадан машғул шаванд.
Бо мақсади дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар муассисаи навбунёди таълимӣ толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 185 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини гармӣ дар фасли сармо тамоми синфхонаҳо, роҳраву ҳуҷраҳои ёрирасон ва утоқҳои кории муассиса бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Барои зебою назаррабо гардидан саҳн ва атрофи муассисаи таълимӣ майсазор карда шуда, дарахтони ҳамешасабз шинонида шудаанд, ки бо низоми муосири обёрӣ таъмин мебошанд.
Иншооти дигари ёрирасони муассиса шабакаи обрасонист, ки аз қаъри 80 метр об кашида шуда, ба муассиса интиқол дода мешавад. Барои таъмини бехатарӣ ва мушоҳидаи пайвастаи раванди таълим дар дохил ва беруни бинои таълимӣ 20 адад камераи назоратӣ насб гардидааст.
Дар саҳни муассисаи таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо омӯзгорону хонандагон аз шароити муҳайёгардида ба омӯзгорону хонандагон дар самти истифодаи босамари имконияти фароҳамшуда, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоятҳои судманд доданд.
АМИТ «Ховар»