31 октябр дар шаҳри Ашқобод Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Форуми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки фаъолияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ироа намуда, зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати таҳкими амният дар паҳнои Созмонро таъкид намуд.
Ҳамчунин дар доираи форум Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ҳелга Шмид мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.