Дар шаҳри Душанбе машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба масоили таъмини иттилоотии сиёсати хориҷӣ ва кор бо воситаҳои ахбори омма баргузор гардиданд.
Тарве аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо оид ба масъалаҳои таъмини иттилооти сиёсати хориҷӣ, кор бо воситаҳои ахбори омма ва таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.
Машварат дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
АМИТ «Ховар»