Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ «Акома»-ро ифтитоҳ намуданд

ТВТ. 13.09.2022. 13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи муосири истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳо аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар доираи иҷрои ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат” ба хотири таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот сохта шудааст.

Иқтидори истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасиб дар як баст то 5 тонна маҳсулот мебошад. Дар як сол корхона имкон дорад, ба маблағи наздики 50 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намояд.

Дар корхона 80 нафар бо ҷойи кор, шароити хуб ва маоши баланд таъмин шуданд. Имкон аст оянда бо баланд бардоштани иқтидори корхона шумораи коргарон то ба 150 нафар расонда шуда, маҳсулоти корхона баъди таъмини бозори истеъмолии пойтахт ва ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шавад.

Барои бунёди корхона дар масоҳати наздики 1 гектар замин ҷудо гардида, дар масоҳати 3970 метри мураббаъ бинои истеҳсолии ҳозиразамон ва иншооти ёрирасон бо насби таҷҳизот, технологияи навтарин ва таъмини инфрасохтори муҳандисӣ бо дарназардошти талаботи санитарию эпидемиологӣ сохта шуд.

Иншоот аз бинои маъмурӣ, сехҳо, ҷойи қабули гушти чорвову паранда, сардхонаи нигоҳдории гушти коркардшаванда, анбори маҳсулоти тайёр, ошхона, таваққуфгоҳ барои нигоҳдории нақлиёти хизматӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Гушти тозаву босифат ва ғизоноки чорвову паранда барои истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳо аз Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” дастрас карда мешавад.

Фаъолияти Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома” идомаи занҷираи арзиши иловашудаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” дар шаҳри Душанбе буда, мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст.

Ин тадбир ҳамчунин ҷиҳати ғанигардонии бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи гӯштӣ амалӣ гардидааст.

Пеш аз ба фаъолият оғоз бахшидани корхона 25 нафар коргарони ширкат ба муҳлати 6 моҳ дар корхонаҳои дигари ватанӣ ба омӯзиши нозукиҳои касб машғул шуданд. Дар вақти насб кардани таҷҳизот дар корхона бо ҷалби мутахассисони олмонӣ коргарон давоми як моҳ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Дар айни замон як нафар коршиноси хориҷӣ барои омӯхтани мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки корхонаи нав дорои техникаву таҷҳизоти муосир буда, зиёда аз 80 намуди ҳасибҳои гуногунлаззат, аз ҷумла 20 намуд ҳасиби пухташуда, 25 навъи дудкардашуда, 2 намуд ҳасиби бо буғ пухташуда (ветчина), 15 номгуйи деликатес, инчунин ҳасибчаҳои борик, 5 намуд сарделка ва 20 навъ ҳасибҳои хурд аз қимаи гушт тайёршуда, истеҳсол мекунад.

Истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳо барои таъмини бозори пойтахт бо чунин маҳсулоти аълосифат ба роҳ монда шудааст.

Хусусияти хоси фарқкунандаи маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳои Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома” аз дигар ширкатҳои ватании истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар он аст, ки роҳбарияти корхона барои таҳияи лаззатҳои нав ва махсуси маҳсулот аз ширкатҳои маъруфи олмонӣ ва австриягӣ мутахассис-технологҳоро даъват карданд. Ҳамин тавр коршиносон бо истифода аз маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла растаниҳои шифобахши диёр 50 навъи нави маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳоро ихтироъ карданд. Таъм, лаззат ва сифати маҳсулоти аз ҷониби коршиносон омодашуда, на танҳо сифати ғизоро беҳтар кард, балки ба он хусусиятҳои шифобахшӣ илова намуд.

Корхона пурра бо тарҳи олмонӣ бунёд шуда, онро Бюрои конструктори лоиҳакашии Магдебурги Олмон вобаста ба талаботу стандартҳои аврупоӣ тарҳрезӣ кардааст.

Бинои истеҳсолӣ ва ҳуҷраҳои кории маъмурият бо якдигар пайваст буда, дар ду минтақаи воридшавӣ таҷҳизоти безараргардонӣ насб гардидааст.

Аксари таҷҳизот истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Олмон, аз қабили “Зайделман”, “Сименс”, “Фемаг”, “Рекс”, “Лима”, “Магурит” ва “Вариовак” буда, дар бозори таҷҳизоти истеҳсоли ҳасибҳо ва маҳсулоти гуштӣ пешсаф аст.

Фаъолияти кори таҷҳизоти муосир ба буридани гушти яхкардашуда, қимма кардани гушт, ҷудо кардани гушт аз устухон, илова ва омехта кардани ҷузъҳои барои маҳсулот лозима, пуркунандаи маҳсулоти нимтайёр ба рупуши махсус, бо дуд ва буғ пухтани ҳасибҳо ва бастабандии маҳсулоти тайёр нигаронида шудааст.

Ҷиҳати расидан ба нишондодҳои баланди истеҳсолӣ техникаи замонавӣ ва таҷҳизоти зарурии коргоҳҳо ҳамчунин аз ширкатҳои бонуфузи Туркия, Русия, Беларус харидорӣ шудааст.     

Барои нигоҳдории сифати маҳсулот сардхонаи нигоҳдории ҳасибҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, ҳарорати дохилӣ дар сатҳи аз -40 дараҷа хунукӣ то +12% дараҷа гармӣ нигоҳ дошта мешавад.

Сендвичпанелҳо маҳсулоти куллан замонавӣ ба шумор рафта, реҷаи махсуси ҳароратро дар дохили коргоҳҳои истеҳсолӣ ба танзим медарорад. Сендвичпанелҳои сеххои корхона бо маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ зуд - зуд шуста мешаванд ва он бо варақаҳои пулодии зангназананда руйпуш карда шудааст. Ҳавокашҳо, ҷуйбор ва обравҳо, мизҳои гуштпоракунӣ, пойафзолхушккунак, ҳуҷраҳои обпошӣ барои сардсозии маҳсулот баъди тафдон ва дастгоҳи буғистеҳсолкунанда дар коргоҳо низ  аз металҳои зангназананда омода шудааст.

Баъди ифтитоҳи  корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мағозаи назди корхона бо намунаи маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳои Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома” шинос шуданд.

Қобили қайд аст, ки номи корхонаи “Акома” аз луғати қадимаи тоҷикӣ гирифта шудааст ва таърихи беш аз 2500 сола дорад.

Бо номи “Акома” дар қадим хуришеро тайёр мекарданд, ки иборат аз гушти қиммашуда дар рудаи гусфанд буда, ба ҳасиби замони ҳозира нисбат дода мешавад.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти корхона бо дарназардошти ҳифзи арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва бо ҳисси ватандӯстӣ ба баъзе аз маҳсулоти корхона номи минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони азиз гузошта шудааст, аз ҷумла “Бохтарӣ”, “Суғдӣ”, “Бадахшон”, “Ҳулбук”, “Роғун”, “Саразм”, “Кӯшониён”, “Ориёӣ”, “Акома” ва “Маликона”. Бо унвонҳои тоҷикӣ аз қабили “Ватанӣ”, “Сарват”, “Шоҳона”, “Мужда”, “Зайтун”, “Накҳат” ва “Ҷонон” номгузорӣ шудани баъзе маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳо низ як навъ тарғиби эҳсос ва ифтихори миллӣ мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки дар корхона бо усули қадимаи аҷдодӣ маҳсулоти гуштӣ истеҳол карда мешавад. Аз ҷумла, дар ин ҷо як навъи деликатес, истеҳсол мегардад, ки таъм ва лаззати он нотакрору ба талаботи бозори истеъмолӣ мутобиқ карда шудааст.

Маоши кормандони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома” аз 1700 то 4000 сомонӣ иборат буда, кормандон бо шароити хуби корӣ таъмин мебошанд.

Зимни шиносоӣ бо навъҳои маҳсулоти корхона иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳо бо технологияи муосир, ки дар ҷумҳурӣ аввалин буда, дар Осиёи марказӣ назир надоранд, тайёр карда мешавад. Истифодаи технологияи мазкур дар истеҳсолоти корхона ба беҳтар шудани сифати маҳсулот мусоидат мекунад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар ҷумҳурӣ 16 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ҳасибӣ машғул аст. Дар 8 моҳи соли 2022 дар ҳаҷми 2 ҳазору 692 тонна маҳсулоти ҳасибӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар ҳаҷми 9,5 тонна зиёд аст ва суръати афзоиш ба 100, 4 фоиз баробар шудааст.

Дар 7 моҳи соли 2022 ба ҷумҳурӣ 1761 тонна маҳсулоти ҳасибӣ ворид гардидааст.

Ҳадафи бунёди корхонаҳои ватании истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасиб дар кишвар коҳиш додани воридшавии маҳсулоти беруна, таъсиси ҷойҳои корӣ, беҳтар кардани сифати маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад.Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин коргоҳи муосир, дастгирии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, изҳори сипос карданд.

 

Манбаъ: prezident.tj

Tags: