Намояндагони соҳаи тандурустии Полша: «Фаъолияти табибони Бадахшон барои мо ҳам таҷрибаи калоне хоҳад буд»

Намояндагони соҳаи тандурустии давлати Полша изҳор доштанд, ки тӯли чанд рӯз ба фаъолияти кормандони тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуда, бо кори онҳо шинос шуданд.

-Мо аз табибони ВМКБ чунин натиҷаро интизор набудем, онҳо дониши баланд доранд, нисбати фаъолияти худ хеле ҷиддӣ ҳастанд. Заҳмати имрӯзаи онҳо аз худ қаҳрамониро мемонад. Табибони вилоят кӯшиш намуданд, ки аз тамоми усулҳои табобати ҷаҳонӣ истифода намоянд ва сатҳи мубталошавӣ ва табобати бемориро ба як ҳолати муқаррарӣ баргардонданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Табибони полшагӣ иброз доштанд, ки гурӯҳи онҳо ба давлатҳои Қирғизистон ва Италия сафар намуда буданд. Ҳангоми санҷиш маълум карда буданд, ки дар ин давлатҳо новобаста аз синну сол фавт хеле зиёд ба назар расида буд, аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси тааҷҷуб аст, ки  фавти кӯдакону ҷавонон ба назар нарасид. Онҳое, ки фавтиданд бемориҳои дигари музмин низ доштанд. Бинобар ин фаъолияти табибони ВМКБ барои мо ҳам як таҷрибаи калоне хоҳад буд.

Мавриди зикр аст, ки намояндагони соҳаи тандурустии давлати Полшаро 13 июни соли ҷорӣ муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ масъалаи табобати беморони гирифтори бемории сироятии короновирус ё худ Сovid-19 дар вилоят мавриди таҳлил қарор дода шуд. Раиси вилоят қайд намуд, ки бо дастгирии табибони соҳибтаҷрибаи ҷумҳурӣ ва истифода аз методҳои давлатҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо тамоми кӯшишу ғайрати худ бар зидди ин бемории сироятӣ мубориза бурда истодааст. Хушбахтона, рӯзҳои охир сироятёбии сокинони вилоят ба ин беморӣ кам шуда истодааст.      Дар ин чода пешниҳоду тавсияҳои табибони Полша барои кормандони соҳаи тандурустии Бадахшон муҳим буда, арзиши беандоза дорад, — баён дошт Ё.Файзов.

АМИТ «ХОВАР»

Tags: