Боздиди коршиноси Британияи Кабир аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Самтҳои афзалиятноки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» зимни мулоқоти Саидраҳмон Назризода, муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дэвид Эллиотт, коршиноси калон оид ба бахши хусусии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Душанбе матраҳ гардиданд.

Ҳамзамон мусоҳибон самтҳои асосии ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии ду кишвар, хусусан тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, афзоиши гардиши савдо миёни Тоҷикистону Британияи Кабир, рушди саноати хӯрокворӣ ва сабукро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Британияи Кабир иброз намуданд.

Tags: