МО МЕТАВОНЕМ!Тоҷикистон ба бозии финалии Чемпионати Осиё оид ба футбол байни наврасон баромад

Бори аввал дар таърихи футболи мамлакат дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов ба  финали Чемпионати Осиё байни наврасон роҳхат гирифт.

Шоми дирӯз футболбозони навраси Тоҷикистон дар вохӯрии нимниҳоӣ дастаи мунтахаби наврасони Кореяи Ҷанубиро бо натиҷаи 7:6 (1:1, вақти асосӣ) шикаст дода, бори дигар нишон доданд, ки футболи тоҷик ба роҳи дуруст равон асту барои фатҳи қуллаҳои нав ба нав кӯшишу ғайрат мекунад.
Дар вохӯрӣ ба муқобили дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бозингарони мо  сабку услуберо нишон доданд, ки на танҳо футболбозони Кореяи Ҷанубӣ, балки мураббиёни онҳоро дар ҳайрат гузошт.

Голи задаи Озодбек Панҷиев дар дақиқаи 2-юм самараи чунин усул аст. Бозингарони мо метавонистанд боз як маротибаи дигар ҳамин услубро бо гол анҷом диҳем, вале бахти кореягиҳо баландӣ кард.

Дар дақиқаи 39-ум Юн Сук-ҷу голи ҷавобӣ зад. Дар ин вохӯрӣ футболбозони мо ба сӯи дарвозаи рақиби худ бештар зарбаҳоро равон карданд, ки ин аз пурқувват будани хати ҳуҷум шаҳодат медиҳад.
Ҳунарнамоии ҳамаи футболбозони мо ба дараҷаи олӣ буд. Рустам Соиров  -ҳамлагари навраси дастаи мунтахаби Тоҷикистон худро чун ситорае нишон дод, ки клубҳои шуҳратёр барои ӯро дар ҳайаташон дидан дар ояндаи наздик мубориза хоҳанд бурд.
Вақти асосии бозӣ мусовӣ 1:1 ба анҷом расид.

Ба дастаи мо боз ҳамон дарвозабони сеҳрнок- Мӯҳриддин Ҳасанов кумак расонд ва тӯби ҳафтуми кореягиҳоро аз силсилазарбаҳои 11-метраи баъдибозӣ баргардонд. Натиҷаи 7:6 дастаи моро ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё баровард.

Дар бозии дигари рӯз дастаи мунтахаби Япония бар Австралия бо ҳисоби 3:1 пирӯз омад. Акнун ду дастаи гурӯҳи «А» -Тоҷикистон ва Япония бори дигар дар бозии финалӣ бо ҳам қувва меозмоянд.

Дар бозии гурӯҳӣ бо дастаи мунтахаби Япония натиҷаи 0:0 футболбозони тоҷикро қонеъ гардонида буд. Акнун финал дигар натиҷаро мехоҳад.

Сано бод бар шумо, футболбозони шӯҳратёри ватану миллат!
Шумо қаҳрамон ҳастеду мо бо шумо ифтихор мекунем!

Чемпионати Осиё -2018 байни наврасон (U-16)                      

Бозиҳои нимфиналӣ

Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ – 1:1. Аз пеналти – 7:6

ГолҳоОзодбек Панҷиев, 2 (1:0). Юн Сук -ҷу, 39 (1:1).

Зарбаҳои пеналтии баъдибозӣҶеонг Сангбин – 0:1. Шарифбек Раҳматов – 1:1. Ли Таесеок – 1:2. Ҷонибек Шарифов – 2:2. Ли Ҷунсук – 2:3. Иброҳим Зокиров – 3:3. Ҳонг Сунгвук – 3:4. Озодбек Панҷиев – 4:4. Мун Ҷунхо – 4:5. Рустам Соиров – 5:5. Юн Сук- ҷу – 5:6. Шоҳрух Сангов – 6:6. Сон Хо Ҷун – 6:6 (дарвозабон). Муҳаммадрасул Лутфуллоев – 7:6.

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарифов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров (Шоҳрух Сангов, 46), Амадони Камолов, Озодбек Панҷиев, Ислом Зоиров (Шарифбек Раҳматов, 90+3), Рустам Соиров, Сунатулло Исмоилов (Иброҳим Зокиров, 67).

Огоҳӣ: Ҷонибек Шарифов, Исроил Холов (Тоҷикистон).

Бозингари беҳтаринМуҳриддин Ҳасанов (Тоҷикистон).

Довар дар майдон: Муҳаммад Назми Насаруддин (Малайзия).

Нозири доварон: Етскуко Фукано (Япония).

Комиссари бозӣ: Жао Чао (Чин).

4 октябр. Селаргон. Варзишгоҳи  «Петалинг-Ҷая». 100 тамошобин.

 Япония – Австралия – 3:1

ГолҳоНоах Ботич, 8 – аз пеналти (0:1). Шоҷи Тояма, 59 (1:1). Шоҷи Тояма, 69 (2:1). Мито Шунсуке, 78 (3:1).

Довар дар майдон: Умар Муҳаммад Аҳмед Ҳасан Аалӣ (АМА).

Нозири доварон: Санкар Комалисваран (Ҳундустон).

Комиссари бозӣ: Ричард Ҷосон (Филиппин).

4 октябр. Варзишгоҳи миллӣ. Букит Ҷалил. 224 тамошобин.

 Финал

7 октябр

Оғоз–  17:45 ба вақти Душанбе

Япония – Тоҷикистон

Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллӣ Букит Ҷалил

АМИТ «Ховар»

Tags: