Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо нақби турбинии агрегати рақами 3 ва 4 шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни корҳои насби қубурҳои обрасон дар нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-и Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд.

Дар нақби турбинии мавзеи агрегати мазкур корҳои нақбканӣ, мустаҳкамкунӣ ва сементрезӣ ба анҷом расидааст.

Дарозии қисмати горизонталии нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-ум 48 ва баландии шахтаи амудии он 206 метрро ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар нақби мазкур ба масофаи 64 метр оҳанфилизот насб гардида аст, ки 517,4 тоннаро ташкил менамояд.

Ин нақб ҳамчун нақби обрасон аз шахтаи вертикалии сатҳи 1 ҳазору 152 метри обқабулкунаки асосӣ то ба агрегати рақами 4 хизмат мекунад. Қутри нақб 7 ва дарозиаш 459 метрро ташкил менамояд.

Васлу насби оҳанфилизоти обрасон дар нақби турбинии агрегатҳои 3 ва 4 аз ҷониби муҳандисону кормандони ватанӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида мешавад.

Ҳоло дар нақби турбинии рақами 3 қисмати оҳанфилизот барои васлу насб омода гардида, дарозии он 16 метр ва вазни умумиаш 141 тоннаро дар бар мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дошта, дар рушди иқтисоди миллӣ ва боз ҳам баланд грдидани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми бузург мегузорад.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳандисону коргарон ҷиҳати саривақту бо сифати баланд анҷом додани корҳои боқимонда супоришҳои мушаххас доданд.

Зимни боздид аз Неругоҳи обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.