Дирӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати Раиси Шӯро, муовини Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назирмадзода сурат гирифт.
Иштирокдорони ҷамъомад моҳият ва ҳадафи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели соли 2015 «Дар бораи таъсиси Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Душанбе» ва зарурати ҷоннокгардонии фаъолияти Шӯроро вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва масъулони шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли равон ҳамаҷониба баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар робита ба бозори истеъмолии шаҳри Душанбе ва ҳолати хизматрасонии нақлиёти мусофирбари пойтахт мавриди таҳлили амиқ ва муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифт.
Аъзои Шӯро лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Душанберо барои соли 2017 муҳокима намуда, бо назардошти таклифу иловаҳо барои тасдиқ пешниҳод намуданд.
АМИТ «Ховар»