Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт, дар назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» боз як гулгашти нав бо фаввораҳои муосир бунёд мегардад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Рухсораи НУР бо рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти мазкур шинос шуда, бо масъулин ҳамсуҳбат гардид.
Алҳол дар ин макон сохтмончиён корҳои асосии бунёдиро ба анҷом расонида, ба сафолакпӯш кардани роҳравҳо ва сабзазоркунии гулгашт машғул мебошанд.
«Мақсад дорем, то ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозии фаввора ва бунёди ин гулгаштро ба анҷом расонида, онро ба сокинони пойтахт туҳфа намоем», — иброз дошт директори генералии «ИИ Нассоҷии тоҷик» Хушмаҳмад Ҷонмаҳмадов.
Ба иттилои Х. Ҷонмаҳмадов, ин гулгашт аз ҷониби «ИИ Нассоҷии тоҷик» сохта шуда, масоҳати фаввораҳо 2630 метри мураббаъ ва гулгашт 2048 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
«Тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бунёди фаввораҳо ва гулгашт мо аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода кардем. Дар бунёди он аз санги мармари ноҳияи Ванҷ ва гранити вилояти Суғд истифода бурдем. Акнун корҳои сабзазоркунӣ оғоз гардида, дар он гулу бутта ва дарахтони ороишӣ мешинонем. Ҳамзамон барои насби нишастгоҳҳо ва чароғон кардани ин мавзеъ омодагӣ гирифта истодаем»,- илова кард Х.Ҷонмаҳмадов.
Воқеан ҳам бо бунёди боз як макони фарҳангию фароғатӣ симои пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе боз ҳам зебову дилработар мегардад. Итминон дорем, ки он ба макони писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил меёбад!
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»