Ҳайати баландпояи аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар намуд

Дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди илмию  фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ва  сафари  давлатии  қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 август ҳайати беш аз панҷоҳ нафараи фарҳангиёни тоҷик  таҳти роҳбарии  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.

Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар ин ҳайат  шомил аст, иттилоъ медиҳад, ки  аҳли илму зиёи тоҷик дар доираи сафарашон ба Ӯзбекистон, ки то 4 август идома меёбад,  аз шаҳрҳои қадимаю бостонии Ӯзбекистон, назири Самарқанд  боздид намуда, бо аҳли зиё ва фарҳанги  ин кишвари дӯст ва ҳамсоя вохӯрию мулоқот анҷом медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳайати баландпояи аҳли зиё ва фарҳанги Тоҷикистон,  ҳамзамон раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.

АМИТ«Ховар»