Тавре қаблан хабар дода будем, ҳайати дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон қарор дорад ва сафари онҳо аз 1 то 4 август идома мекунад. Дар ин бора мухбири махсуси АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА, ки ба ин ҳайат шомил мебошад, хабар медиҳад.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода роҳбарӣ карда, ба он намояндагони доираҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зиёиёни эҷодӣ, шоирон ва нависандагони маъруф, олимон, устодони фарҳанг ва санъати Тоҷикистон шомил мебошанд.
Имрӯз дар Тошканд ҳаво 36 дараҷа гарм аст, вале он нуре, ки аз чашмони мардуми меҳмоннавози истиқболгиранда медурахшид, аз ин ҳам гармтар буд.
Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА» дар навбати худ имрӯз чунин навиштааст: «Муносибатҳои миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таърихи чандинасра доранд. Дар солҳои охир, робитаҳо миёни ду кишвар ба сатҳи нав баромаданд. Омили муҳими дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди муносибати самимонаи шахсии президентҳои ҳарду кишвар мебошад».
Ҳайати Тоҷикистон аллакай аз Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар Тошканд дидан кард. Зимни вохӯрӣ Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саид, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва дигарон зикр намуданд, ки халқҳои ӯзбеку тоҷикро муносибатҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, таърихи умумӣ, дини ягона, умумияти фарҳангҳо, анъанаҳо ва расму русум ба ҳам пайваста, солҳои охир бо ташаббуси роҳбарони ҳарду давлат ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо густариш меёбад.
Он ҳамчунин ба таҳкими робитаҳо дар соҳаи адабиёт таъсири худро мерасонад. Таваҷҷуҳи хосса, ки тайи солҳои охир ба рушди адабиёти миллӣ зоҳир карда мешавад, ходимони эҷодии ватаниро ба ҳамкории адабӣ бо устодони қалами кишварҳои хориҷ, пеш аз ҳама, кишварҳои ҳамҷавор водор месозад.
Гуфта шуд, ки халқи тоҷик Навоии бузург ва адабиёти ӯзбекро ва халқи ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва адабиёти тоҷикро қадр мекунанд. Мавриди зикри хос аст, ки дар Самарқанд муҷассамаҳои ҳарду нобиғаи халқҳои тоҷику ӯзбек – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гузошта шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доданд, ки боғи истироҳатии воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди Душанберо ба номи Низомиддин Алишери Навоӣ номгузорӣ кунанд ва муҷассамаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоиро ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик дар боғи мазкур гузоранд. Ҳамаи ин, бе ҳеҷ ваҷҳ равобити адабии миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро тақвият хоҳанд бахшид.
«Пештар дар ҷавонониамон Тошкандро ҳамчун «шаҳри нонӣ» тасвир мекарданд, — гуфт Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ. — Имрӯз, бо дидани тағйироти бузург ва корҳои созанда дар пойтахт ва дар маҷмӯъ, дар саросари кишвари шумо, инчунин бо дидани чеҳраҳои шод ва чашмони дурахшони мардуми Ӯзбекистон хостам Тошкандро шаҳри муҳаббат, самимият ва маънавиёт номам. 20 соли охир ташрифҳои эҷодӣ баргузор нашудаанд. Шукри Худованд, ки давраи сардӣ аз байн рафту давраи муколама оғоз гардид…».
Дар рафти сафар ҳайати Тоҷикистон аз маҷмааи Ҳазрати Имом низ дар пойтахти давлати дӯсту бародар дидан намуд.
Тибқи барнома, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд сафар карда, бо фаъолияти китобхонаи миллӣ ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон шинос мешавад.
Ҳамчунин баргузории муҳокимаҳо дар шакли «мизи мудаввар», ки ба масоили тавеса ва таҳкими ҳамкории дуҷониба бахшида шудаанд, бо намоиш додани филми ҳуҷҷатии «Зери осмони ягона» дар назар аст.
Барномаи сафар ҳамчунин гулчамбаргузорӣ ба мақбараи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва боздид аз майдони Регистон ва хона-музеи Садриддин Айниро дар Самарқанд фаро мегирад.
АМИТ «Ховар»