24 июли соли 2018 дар назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ҷараёни иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти №1059 оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таври сазовор истиқбол намудани он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ роҳбарони гурўҳҳои корие, ки тибқи амри зикргардида ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста гардидаанд, ҳамзамон раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур ҳисобот доданд.
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз шунидани ҳисоботи роҳбарони гурўҳҳои корӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, махсусан доир ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки вобаста ба сохтмону бунёди иншооти иҷтимоӣ дар ҳар як кўча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, вилоят, ҷалби мақомоту сохторҳои давлатӣ, аҳли ҷомеаи кишвар ба корҳои ободонию созандагӣ бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, корҳоро дар ин самт вусъат диҳанд.
Дар ин замина ба роҳбарони гурўҳҳои корӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур ва тавсия дода шуд, ки аз ҳар як кўча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳрак боздид ба амал оварда, мушкилоту норасоиҳои маҳалро омўхта, ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳое, ки аз фаъолият бозмондаанд, бо ҷалби соҳибкорон сохтмону бунёд кардани иншооти иҷтимоӣ, аз қабили мактаб, китобхона, беморхона, бунгоҳи тиббӣ, маркази тиббӣ, таваллудхона, хонаи модару кўдак, нуқтаи хатнакунӣ, дорухона, сартарошхона, ҳаммом, толори кошонаи ҳусн, маркази савдою хизматрасонӣ, меҳмонхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, майдонча барои бозии кўдакон, корхонаи коркарди шир, коргоҳи дўзандагӣ, коргоҳи дўхти либоси мактабӣ, коргоҳи қолинбофӣ, атласбофӣ ва адрасбофӣ, таъмиру тармими роҳҳои дохили шаҳраку деҳот ва байнидеҳавӣ, пулҳо, кашидани хатҳои оби нўшокию полезӣ ва хатҳои барқӣ дар ҳар як деҳа, инчунин ободонии шоҳроҳҳо, дар шафати онҳо ниҳолшинонӣ, бунёди ҳоҷатхонаҳо, нуқтаҳои савдои «Гўшаи деҳқон», бунёди боғҳои нав, таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ ва бартараф кардани мушкилоти маҳал чораҳои мушаххас андешанд.
Бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуда, баҳри таъмини иҷрои саривақтии он ба роҳбарони вазорату идораҳо, гурўҳҳои корӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва масъулини дигар дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АМИТ«Ховар»