Аз 30 июл то 7 августи соли равон баргузории мусобиқа оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо унвони «President Cup -2021» ба нақша гирифта шудааст.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 12 июл то 7 августи соли равон дар кортҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ҶДММ «Тоҷварз» 4 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис доир мегардад. Мусобиқаҳои мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир шуда, дар он иштироки беш аз 100 нафар варзишгар дар назар дошта шудааст.
Аз мусобиқаҳои мазкур 2 мусобиқа миёни наврасони то 14-сола ва 2 мусобиқаи дигар миёни ҷавонони то 18-сола баргузор мегардад.
Мусобиқаҳои мазкур рейтингӣ буда, ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардидаанд ва варзишгарон имкон доранд, ки хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии ҷаҳонӣ беҳтар намоянд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бемамониат ширкат варзанд.
АМИТ «Ховар»