«Сомон эйр» дар Соли рушди сайёҳӣ аз Душанбе ба Анталия хатсайр мекушояд

Ширкати ҳавонавардии «Сомон Эйр» дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷуғрофиёи парвозҳояшро фарох гардонида, шурӯъ аз якуми июли соли равон дар хатсайри Душанбе -Анталия (Туркия) парвозҳои чартерӣ оғоз менамояд. Фармоишгари хатсайри мазкур ширкати сайёҳии «Компас» буда, намояндаи ширкати мазкур дар бозори сайёҳӣ — ҶДММ «Transavia Express» мебошад. Парвозҳо дар масири  Душанбе-Анталия дар даҳ рӯз як маротиба анҷом дода мешаванд.

Аз ширкати ҳавонавардии  «Сомон Эйр» иттилоъ доданд, ки парвозҳо дар хатсайри Душанбе- Анталия дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва 900 амалӣ хоҳанд гашт. Парвоз аз Душанбе ба Анталия 5 соат тӯл кашида, самти бозгашт ба Душанбе 4 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз моҳи майи соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар самти Душанбе-Истанбул дар як ҳафта се маротиба – рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе зиёд карда,  ҳамчунин вақти парвозро тағйир дод.

Ба хотири роҳати  мусофирон аз 18 май вақтҳои парвоз аз Душанбе ва аз Истанбул тағйир дода шуданд. Акнун вақти парвоз аз Душанбе соати 05:30 ва аз Истанбул ба Душанбе соати 21:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шуд.

Ҷадвали мазкур ба мусофирони тоҷир имкон медиҳад, ки субҳ ба Истанбул парвоз намуда, як рӯзашонро ба манфиат гузаронанд ва субҳи дигар боз ба Душанбе баргарданд. Дӯстдорони саёҳат имкон доранд рӯзҳои истироҳатиро истифода намуда, дар муддати 3 рӯз манзараҳои зебои Истанбулро тамошо кунанд ва ба Душанбе дар рӯзи аввали ҳафтаи корӣ баргарданд.

Алҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»,  ки тирамоҳи соли гузашта аъзои ИАТА гашт, парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи  Араб, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон муваффақона иҷро менамояд.

Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

АМИТ "Ховар"

Tags: