Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон, ки дар пойтахти Чили — шаҳри Сантяго баргузор гардид, дар вазни -81 кило сазовори мақоми панҷум шуд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷаҳонгир дар даври муқаддамотӣ бар Намҳун Лӣ (Ҷумҳурии Корея) ва Музаффарбек Турабоев (Ӯзбекистон) ғалаба карда, ба даври нимфиналӣ баромад. Аммо дар ин давр аз варзишгари Молдова Ейген Матвеисус, ки қаҳрамони вазни -81 шуд, мағлуб гашт. Дар рақобат барои ҷои сеюм аз Серикболсин Шинтас (Қазоқистон) шикаст хӯрд. Ҷои дуюм насиби Агустин Гил (Аргентина) ва ҷои дигари сеюм насиби Бенедек Тот (Маҷористон) гардид.
Ҷаҳонгир Маҷидов соли равон дар ду мусобиқа иштирок намуда, пирӯз гардида буд. Чанд муддат пеш аз ин мусобиқа Ҷаҳонгир Маҷидов дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон унвони қаҳрамони Осиёро ба даст оварда буд.
Бояд зикр кард, ки варзишгари дигари тоҷик Ҷамолиддин Абдуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон, ки дар шаҳри Сантягои Чили баргузор шуд, дар вазни -66 кило сазовори медали биринҷӣ гардид.