Муносибатҳои дӯстона ва самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ҳамкории Тоҷикистону Беларусро тақвият мебахшанд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Беларусь Александр Лукашенко барои ширкат дар ҷаласаи навбатии шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки 28 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба Тоҷикистон ташриф  меорад.   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ муносибати дӯстона ва судманд ба роҳ монда, сафоратҳои худро дар қаламрави ҳамдигар ифтитоҳ намуданд. Ин ду давлат ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун пайваста вусъат мебахшанд. Паҳлуҳои дигари муносиботи мутақобилан судманди Тоҷикистону Беларусро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ Маҳмадамин ОЙМАҲМАДОВ шарҳ дод.

Метавон гуфт, ки ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз  муносибатҳои дӯстона ва самимии роҳбарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко манша гирифта, то ба зинаҳои бародарӣ ва эҳтироми бузург гузоштан ба якдигар  расидааст. Ин ду шахсияти бузург дар алоҳидагӣ, новобаста аз вазнинии вазъи сиёсӣ ва иқтисодии мамлакатҳои худ тавонистанд миллати худро ба музаффариятҳои нав ба нав  сафарбар  намоянд.

Ҳар ду давлат бо ҳам ҳамкории зич дошта, дар чунин созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, СААД ва ғайра фаъолона иштирок менамоянд.

Дар баробари вохӯрии сарони ду давлат ва ҳукумат дар нишасти   Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, онҳо бо боздиди расмӣ ва ғайрирасмии худ дар мустаҳкамшавии робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳояшон саҳми босазои худро гузоштаанд.

Қаблан Александр Лукашенко се маротиба (апрели соли  2000, октябри соли  2011 ва майи соли 2018) бо сафари расмӣ аз  пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе боздид намуда буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии ҷавобии худ ду маротиба (июли соли  2001 ва марти соли 2014) ба Ҷумҳурии Беларус сафар намудаанд.

Зимни 5 сафари дуҷонибаи расмӣ зиёда аз 85 созишнома ва қарордодҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд.

Қобили  зикр аст, ки аз ҷамъи сафарҳои анҷомдодаи Президенти Беларус  Александр Лукашенко сафари моҳи майи соли 2018-и ӯ дар муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии ин ду мамлакат мавқеи хос дорад.

Роҳбарияти давлат ва мардуми тоҷик сарвари давлати Беларус Александр Лукашенкоро бо ҳайати расмӣ, дар сатҳи боло ва бо эҳтироми хоси миллии тоҷикӣ истиқбол гирифтанд. Дар рафти ин сафари расмӣ зиёда аз 15 созишнома ва қарордодҳои зарурӣ, ки соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ин ду мамлакатро дар бар мегиранд, ба имзо расиданд.

Дар баробари созишномаҳои ба имзо расида, барномаи махсус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни пойтахти ду давлат низ ба имзо расид.

Зимни сафар тарафҳо ҳамкориро дар омода намудани харитаи роҳ махсус зикр намуда, бо мақсади то соли 2020 пурра омода намудани он самтҳои ҳамкории афзалиятноки иқтисодиёти ду мамлакатро бояд муайян намоянд. Мутобиқ ба фармони сарони ду давлат «харитаи роҳ»-ро бо мақсади иҷро ва назорат Раиси комиссияи байнипарлумонӣ, Вазири хоҷагии қишлоқ ва хӯроквории Беларус Леонид Зая ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ ба имзо расониданд.

Дар якҷоягӣ қарор қабул карда шуд, ки  барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат мутахассисони касбӣ тайёр намуда, дар ин замина ба бунёди корхонаҳои муштарак эътибори махсус зоҳир бояд намуд. Дар асоси кооператсияи истеҳсолӣ иҷрои саривақтии барномаҳои байнидавлатии интиқоли молро назорат намуда, онро бо назардошти талаботи замона барои ба сатҳи нави ҳамкорӣ расонидан аз захираҳои меҳнатӣ ва захираҳои азими табиии мамлакат бояд истифода баранд.

«Трактор, мошин ва оҳанҳои ғайр»-албатта, хуб аст, ин савдо ва гардиши пул аст. Аммо дар татбиқи он дар мадди аввал одам ва дар шахсияти онҳо мутахассиси варзида ба мо зарур аст. Агар мутахассис набошад, ба мо оҳан лозим нест. Мутахассис аст, ки  аз  обу тоб додани оҳан ба мову шумо таҷҳизоти беҳтарин, олоти пешрафтатарини техникиро сохта, бо истифода аз онҳо дар баробари даҳчанд зиёд намудани ҳосилнокӣ меҳнати ҳазорҳо нафар коргаронро осон менамояд»,-иброз дошт Президенти Беларус Александр Лукашенко дар баромади худ дар  Қасри миллат.

Дар баробари суханронӣ Александр Лукашенко ақидаи худро бо шурӯи фаъолияти кории корхонаи ҷамъу гирдсозии тракторҳои истеҳсоли Беларус  амалан тасдиқ намуд.

Бо иштирок дар форуми тиҷоратӣ роҳбарияти вазорату сохторҳои марбутаи Тоҷикистон бо роҳбарияти корхонаҳои истеҳсолии ду мамлакат аз дастовардҳо ва иқтидори Ҷумҳурии Беларус шиносоӣ пайдо намуда, дар якҷоягӣ қарор қабул намуданд, ки стратегияи ҳамкории дуҷонибаро барои солҳои наздик муайян намоянд. Дар суханронии худ дар форуми тиҷоратӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Мо дар якҷоягӣ бо Президенти Беларус Александр Лукашенко масъалаҳои муҳими ҳамкориро дар соҳаи иқтисодиёт ва сармоягузорӣ баррасӣ намуда, бо назардошти иқтидори ду давлати бо ҳам дӯсту бародар бояд чораҳои заруриро доир ба диверсификатсияи таркибии муомилоти дуҷониба анҷом дода, бо мақсади суръат бахшидан ба муомилоти дуҷониба ва даҳчанд афзоиш додани ҳаҷми содирот бо ҳам тадбирҳои зарурӣ андешем. Бо назардошти шароити хуби аз ду ҷониб фароҳам овардашуда қарордодҳои мустақими дуҷониба ва меморандум ба имзо расонида шудаанд».

Бояд ёдовар шавем, ки даҳ рӯз пеш аз сафари расмии Президенти Беларус дар шаҳри Душанбе омодагӣ барои баргузории намоишгоҳи молҳои истеҳсоли корхонаҳои Беларус баргузор гардида буд. Дар намоишгоҳ мошинҳои ҳаҷман бузурги боркаш, самосвалҳо, тракторҳо, таҷҳизот, олоти барои корҳои кишоварзӣ зарур, ашёи хом ва маҳсулоти зиёда аз  150 корхонаи истеҳсоли маъруфи Беларус дар Намоишгоҳи шаҳри Душанбе гузошта шуда буданд.

Дар баробари олоти техникӣ, молҳои истеҳсоли корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ, электротехникӣ, кимиёӣ, дорусозӣ, нуриҳои минералӣ, таҷҳизоти хонагӣ,  молҳои истеҳсоли саноати сабук, хӯрокӣ, мебел, коркарди чӯб, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва полиграфӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

Имрӯз аз Беларус ба Тоҷикистон мошин, олоти махсуси сохтмонӣ ва таҷҳизоти истихроҷи маъдан (Белаз, экскаватор, булдозер), матоъ, мебел, чӯб ва маҳсулоти коркарди он, таҷҳизоти электрикӣ, таҷҳизоти барқии рӯзгор, номгӯи зиёди молҳои кимиёӣ, дорусозӣ ва молҳои саноати сабук, хӯрокӣ ва чорво содир карда мешавад. Аз  Тоҷикистон ба Беларус бештар алюминий, пахта, пашм, пилла, пӯст, меваи тар, меваи хушк содир карда мешавад. Ҳаҷми муомилоти солонаи савдои  ду давлат бештар сад миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларуc бо иштироки бевоситаи сарони ду давлат корхонаи муштараки  Тоҷикистону Беларус оид ба истеҳсоли трактор ва таҷҳизоти барои  соҳаи кишоварзӣ заруриро ифтитоҳ намуданд.

Ҳоло соҳаи кишоварзии мамлакат ба тракторҳои гуногуни ба корҳои тахассуси хоҷагии қишлоқ махсусгардонидашуда эҳтиёҷ дорад. Васл намудани қисмҳои алоҳидаи тракторҳо бо назардошти имтиёзҳои воридотии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, ба арзиши аслии ин тракторҳо таъсир мерасонад ва бо назардошти қимати начандон баланд харидоронро ҳавасманд менамояд.

Кормандони соҳаи кишоварзӣ хуб медонанд, ки тракторҳои истеҳсоли Беларус бисёр ҳам сода ва дар истифода боэътимоданд. Ҳар кадоми  он қувваи 80 аспро дорад. Бо назардошти чунин сифатҳо дар Тоҷикистон маҳз ба чунин тракторҳо эҳтиёҷ доранд. Корхона барои истеҳсоли 500 адад трактор дар сол пешбинӣ шудааст ва дар ҳолати зарурӣ истеҳсоли онҳоро то ба якчанд ҳазор расонидан мумкин аст.

Дар айни замон трактор аввалин маҳсули якҷоя аз маҷмӯи молҳои барои Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда мебошад. Дар марҳилаи дуюм ба роҳ мондани истеҳсоли мошинҳои ғалладаравӣ, пахтачинӣ, трактори ядакдор ва намудҳои гуногуни сипори трактор ба назар гирифта шудааст.

Дар ҷамъбасти сафари расмӣ Александр Лукашенкоро шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то фурудгоҳи шаҳри Душанбе гусел карда, бори дигар дар шахсияти Александр Лукашенко эҳтироми миллати тоҷикро ба миллати беларус таъкид намуданд.

Имрӯз бо ба имзо расонидани созишнома ва қарордодҳои зиёд қадамҳои аввалин дар роҳи ҳамкории гуногунсамта ва тақвияти муносибатҳои дӯстона гузошта шуд. Харитаи роҳ тартиб дода шуда, барои вусъатдиҳии ҳамкории дуҷониба ва дар ин замина ба сатҳи нави шарикии стратегӣ гузаштан тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: