«Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ»-таҳти чунин унвон бахшида ба 140-солагии аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик академик Садриддин Айнӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз ташаббускорони асосии ин конференсия мебошад, иттилоъ доданд, ки ҷамъомади мазкур 13 апрели соли 2018, соати 9 дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолият ва саҳми бузурги устод Садриддин Айнӣ дар ҳифзи асолати забон, бузургдошти анъанаҳои миллӣ ва мақоми ҷаҳонии Айнӣ ҳамчун мутафаккири тоҷик баррасӣ мешаванд.
АМИТ "Ховар"