Дар Пекин маросими оғози аввалин барномаи маркази матбуотии СҲШ дар назди Маркази байналмилалии матбуотии Чин дар китобхонаи Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин доир гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар маросим намояндагони СҲШ, ВКХ ҶМЧ, сафоратҳои кишварҳои аъзои СҲШ дар Чин ва журналистон иштирок намуданд.
Барнома аз сафари семоҳаи саёҳати матбуотӣ (пресс-тур), ки соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дипломатиро фаро мегирад, иборат буда, барои таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ бо мақсади такони нав бахшидан дар ҳамкорӣ миёни ВАО-и кишварҳои аъзои СҲШ ташкил шудааст.
Муовини раиси Ассотсиатсияи дипломатияи оммавии Чин Гонг Ҷянчжу зикр намуд, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Синдао саммити навбатии СҲШ бо иштироки сарони давлатҳо доир мегардад.
Ба гуфтаи ӯ, мақсади асосии СҲШ таҳкими эътимоди мутақобила ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни кишварҳои аъзо, мусоидат ба ҳамкории самарабахши онҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаҳои маориф, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайра, таъмини муштараки сулҳу субот ва амният дар минтақа, пешравии демократӣ, оқилона ва ҳадафмандона дар низоми сиёсию иқтисодии байналмилалӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин барнома 13 нафар журналистон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Беларус иштирок доранд.
АМИТ "Ховар"