Имрӯз, 27-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Манилаи кишвари Филиппин бозии ниҳоии даври муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 байни тимҳои Филиппин ва Тоҷикистон дар гурӯҳи “F” баргузор шуд. Қисми аввали дидор начандон ҳолатҳои хатарнокро ба бор овард. Тақдири бозӣ дар қисми дуюми нерусанҷӣ ҳалу фасл шуд. Баъд аз созмон додани як ҳуҷум, футболбозони мизбон дар ҷаримагоҳи хеш ба қоидаситезӣ даст заданд. Аз имконияти мусоиди голзанӣ дифоъгари тими миллии кишвари мо Аҳтам Назаров истифода карду ҳисобро кушод. Аммо дере нагузашта, мунтахаби Филиппин бо як зарбаи босар иҷронамудаи Кевин Ингресо таносубро баробар кард. Дар дақиқаҳои охири майдондорӣ довар бори дуюм дар ин дидор зарбаи ҷаримавии 11 метра таъйин кард. Ин навбат ҷониби дарвозаи Абдулазиз Маҳкамов. Зарбаи сарвони Филиппин Фил Янгхазбенд тақдири ин дидорро ҳалу фасл кард. Дар бозии мазкур пирӯзӣ метавонист мунтахаби кишвари моро бори аввал дар таърихи футболи меҳан иштирокчии даври ниҳоии Ҷоми Осиё -2019 гардонад. Аммо мутаасифона футболбозони тоҷик ин имконро истифода набурданд ва ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон ягона мунтахаб аз манотиқи Осиёи Миёна гардид, ки роҳхати Ҷоми Осиё 2019 ба даст наовард.
ТВ Варзиш