Бо назардошти он, ки рушди муназзами иқтисодиёти кишварро бе ташкили инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ таъмин намудан ғайриимкон аст, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба масъалаи бунёди роҳҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, то ба имрӯз барои аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудани кишвар ва ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ амалӣ карда шудаанд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб изҳор доштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, кишваре, ки дар назди худ ҳадафи пешрафту тараққиётро гузоштааст, бе сохтмону навсозӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани шабакаҳои дохилии коммуникатсионӣ рушди муназзаму устувори худро таъмин карда наметавонад.
«Маҳз ба ҳамин хотир, дар тӯли солҳои истиқлолият ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ гардиданд ва 190 километр хатти нави роҳи оҳан сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд», — таъкид намуданд Пешвои миллат ва илова намуданд, ки аммо ин ниҳояти кор нест, зеро татбиқи пурраи ҳадафи зикршуда барои кишвари мо аҳаммияти стратегӣ дошта, солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳимму афзалиятнок идома дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо ин мақсад, ҳоло дар соҳаи нақлиёту роҳсозии кишвар татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад.