Cубҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи 16-уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC), ки дар толори «Зарандуд»-и Кохи Наврӯз баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба зарурати тақвият бахшидан ба ҳамкории иқтисодии кишварҳои минтақа чунин зикр карданд: «Мо хуб дарк мекунем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ барои минтақа таъмин намудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули бозорҳои умумии минтақавӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин робита, як қатор мушкилот, аз ҷумла, номутобиқатии қонунгузориҳои миллӣ ва мавҷудияти монеаҳо дар роҳи рушди тиҷорат дар сатҳи байниҳукуматӣ ҳал карда мешаванд. Вале мушкилоти алоқаманд бо раванди ҷаҳонишавиро танҳо дар сатҳи ҳамкории минтақавӣ ва ташаккули низоми муколамаи байнидавлатӣ паси сар кардан мумкин аст. Бинобар ин, дар доираи Барнома тақвият бахшидани ҳамкории иқтисодӣ дар замони муосир муҳим арзёбӣ мегардад».
Пешвои миллат ба иштирокдорони ин ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалӣ моҳияти иқтисодии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ва ба манфиати сокинони ҳамаи кишварҳои минтақа нигаронида шудани онҳоро чунин муаррифӣ карданд: «Афзалиятҳо ва самтҳои калидии сиёсати давлати Тоҷикистон ҷиҳати баромадан ба масири рушди устувор дар Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидаанд. Дар ин замина таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъат додани шуғли пурмаҳсул ба ҳайси ҳадафҳои стратегии мо муайян карда шудаанд. Мусаллам аст, ки ин ҳадафҳо на танҳо манфиати Тоҷикистон, балки манофеи тамоми минтақаро ифода мекунанд. Бовар дорам, ки ҳамкории ҳамоҳангшуда дар доираи Стратегияи зикршуда дар самтҳои калидии амал имкониятҳои кишварҳои минтақаро метавонанд бамаротиб тавсеа бахшанд. Ба ин васила мо метавонем рушди устувори ҳар як кишварро таъмин намуда, сатҳи некӯаҳволии мардуми минтақаро баланд бардорем».
Президенти мамлакат зарурати қабули санадҳои заруриро дар доираи Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият дар бахши тиҷорати минтақавӣ ва истифодаи босамари захираву имкониятҳои мавҷуда шарҳ дода, зикр намуданд, ки: «Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ ба мутобиқ кардани қонунгузории миллӣ, фаъол гардонидани амалиёт, ноил шудан ба натиҷаҳои умедбахш ва шаффофият нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз, мо чунин мешуморем, ки ин Барнома ҳамчун як василаи рушди шарикӣ намунаи самарабахши робитаи байни кишварҳо ва ташкилоту созмонҳо мебошад. Бо мақсади таъмин намудани самаранокии фаъолият зарур аст, ки дар доираи ин ҳамкорӣ бо дарназардошти манфиатҳои умум қарорҳои созанда қабул карда шаванд. Дар ин раванд беҳтар намудани тиҷорати минтақавӣ ва бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ба ҳар як кишвар имкон медиҳад, ки иқтидорҳои худро пурра истифода барад. Чунин имконияту иқтидорҳо хеле зиёданд ва бо истифода аз онҳо кишварҳои минтақа метавонанд дар шарикӣ бо сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба ҳавзаи давлатҳои барномаро ба як минтақаи рушдёфта табдил диҳанд».
«Итминони комил дорам, ки санадҳои таҳиягардида минбаъд ба кишварҳои минтақа ҷиҳати коҳиш додани хароҷоти муомила, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва васеъ гардидани имкониятҳои соҳибкорӣ кумак менамоянд», — таъкид карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Хотиррасон мешавем, ки дар ҷаласаи 16-уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ роҳбарони Бонки Осиёии Рушд, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Исломии Рушд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохтор, Комиссияи Аврупо, Бонки Авруосиёии рушд, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва дигар институтҳои бонуфузи молиявӣ, инчунин мутахассисон аз кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Амрико, Япония ва Британияи Кабир иштирок доранд.