Шунидам гӯсфандеро бузурге
Раҳонид аз даҳону дасти гурге.
Шабонгаҳ корд дар ҳалқаш бимолид,
Равони гӯспанд аз вай бинолид:
Ки аз чанголи гургам даррабудӣ,
Чу дидам оқибат худ гург будӣ.
(Саъдӣ)
Чанд рӯз аст, ки расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи таъсиси ташкилоти наве бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» хабару ҳангомаҳои зиёд паҳн мекунанд, рӯйхати аъзои фаъоли он аз тариқи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ муаррифӣ мешавад ва ба ҳар роҳу васила мехоҳанд фикру андешаи тундрави худро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла насли ҷавони он бо мазмуни куҳна, вале дар тарҳи нав таҳмил намоянд. Барои дуруст дарк намудани ҳадафҳои пинҳонӣ ва нопоки бӯқаламунии ин тоифаи «навдавлатон» (ин истилоҳ ба маънои ташкилоти куҳна дар либоси нав фаҳмида шавад – МИ) ба хотири ба таъбири Хоҷа Ҳофиз «дар хари худшон» нишонидани онҳо барои шаҳрвандони кишвари азизамон донистани се матлаби асосӣ ниҳоят муҳим ба назар менамояд:
Якум. Расонаӣ кардани тағйири ном (re-brending) аз ҷониби саркардагони Ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар гурӯҳҳои ҳаммаслаки онҳо далели нокомии ин ҳизби мамнӯъшуда дар фазои иттилоотии дохил ва хориҷи кишвар аст. Бояд ёдовар шуд, ки пешниҳод дар бораи ҳамчун ниҳоди сиёсӣ тағйири ном кардани ин ҳизб аз ҷониби нерӯҳои созандаи ҷомеаи Тоҷикистон қаблан матраҳ шуда буд. Вале роҳбарияти сиёсии ҲНИТ ин машваратҳоро қатъан қабул намекарданд, зеро ки бо суиистифода аз боварҳои динии мардум мехостанд манфиатҳои сиёсии худро таъмин намоянд. Аз ҷониби дигар, сармоягузорон ва хоҷагони хориҷии онҳо ба онҳо иҷозати берун омадан аз сифати «исломӣ»-ашонро намедоданд, зеро тамоми барномаҳое, ки фаъолияти густурдаи онҳоро роҳандозӣ мекард, «машориъун исломиятун» (лоиҳаҳои исломӣ) ном дошт. Яъне бо фазлфурӯшӣ кардани арзишҳо ва муқаддасоти дини мубини ислом онҳо мехостанд дастовардҳои ройгони истеблишменти сиёсиро касб намоянд.
Дуюм. Ҳамин гуна пасманзари идеологӣ акнун дар матни воқеияти сиёсии Аврупо арзиши чандоне надорад. Ин раванд пас аз шиддат гирифтани тундравӣ ва ифротгароии «исломӣ» дар чандин кишварҳои Ховари Миёна ва интиқоли фаъолиятҳои террористӣ дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо тавони корбурдии худро аз даст дод. Аз ин рӯ, ин қабил ҳаракату ташкилотҳо саъй менамоянд, ки аз тариқи тағйири лаҳни гуфтор ва шиорҳо асли зишту палиди худро бо кемухт рӯйпӯш намоянд. Ва боз дастандаркоронаш умед доранд, ки рози пинҳони амалкарди сиёсии онҳо ошкор нахоҳад шуд. Вале ҳайҳот, ҳайҳот!!! «Инро ба касе гӯ, ки туро нашносад». Агар аз нигоҳи иқтисодии масъала ба тағйири ном кардани ин тоифа назар андозем, пас ошкор мегардад, ки бо бренди номгузории «исломӣ» ноил шудан ба дастгирии молиявӣ аз ҷониби бунёдҳои манфиатдор имконнопазир гаштааст. Ин мушкилӣ борҳо дар нишасту ҳамоишҳои мухолифин, ки дар Варшава, Вена ва дигар шаҳрҳои аврупоӣ баргузор шуданд, бо изтиробу нигаронӣ баён гардид.
Сеюм. Акнун «ба чашми хирад» номи пешниҳодшудаи нави «Анҷумани озодандешони тоҷик»-ро бинигарем, – оё сурати он ба сираташ мувофиқ аст ё на? Агар дар номгузории қаблӣ вожаи «наҳзати исломӣ» василаи ба доми фиреб афтодан бошад, акнун ин тӯдаи бе банду баст мехоҳанд бо сӯиистифода аз қадосати «андеша» ва ғурури миллии «тоҷик» доми тазвири нав созанд. Бад-ин васила онҳо ду мақсадро пайгирӣ мекунанд: аввалан, мехоҳанд қишрҳои ноогоҳ ва насли ҷавони ҷомеаи тоҷикро дубора ба бунбасти гумроҳӣ кашанд; сониян, Иттиҳоди Аврупоро ба дунявӣ будани андешаҳои сиёсиашон бовар кунонанд. Аз ин лиҳоз, дар фарҷоми сухан месазад ҳушдори инҷилии ҳазрати Исо, алайҳи-с-саломро ёдовар шавем, ки гуфтааст: «Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт кунед, онҳо ба назди шумо ба намоди гӯсфандони беозор меоянд, аммо дар ботин гургони дарранда ҳастанд» (Инҷили Матто, 7:15).
Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.mit.tj