25 сентябр, соати 9:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Иҷлосияи мазкур бо қарори навбатии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ даъват карда шудааст. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Интизор меравад, ки дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳо оид ба ҷараёни иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 дар шаҳри Душанбе», дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №58, №61 ва №67, таъйин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №58, №61 ва №67, таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 15 декабри соли 2016 ва тасдиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 августи соли 2017 муҳокима шаванд.
Дар робита ба ин тибқи Қарори Раиси шаҳр вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе вазифадоранд, ки то 23 сентябри соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
АМИТ «Ховар»