Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 18 октябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург оғоз гардиданд.
Бо ин мақсад дирӯз ҳайати бонуфузи ин шаҳр таҳти роҳбарии раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург Дмитрий Семёнович Чернейко ба Душанбе ташриф овард. Ҳайти мазкур субҳи имрӯз дар пояи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузошт.
Дар ин маросим ҳайати Санкт-Петербургро муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ намуданд.
ҳайати мазкур ҳамчунин дар Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба», дар назди Маҷмааи ёдгории «Гулхани абадӣ» гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро пос доштанд.
Ташрифи ҳайати мазкур дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе –Плаза» бо мулоқоти ҳайати шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода идома ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати мазкур намояндагони аҳли илму фарҳанг, маорифу тандурустӣ, аз ҷумла, мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тандурустӣ ва омӯзгорони забону адабиёти рус шомил мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе баргузории як зумра чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, машварати табибони Санкт-Петербург барои аҳолии шаҳри Душанбе, табодули таҷриба дар соҳаи тандурустӣ, дарсҳои ихтисосӣ (мастер-класс) оид ба вокал ва навохтани асбобҳои мусиқӣ барои тарбиятгирандагони мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе, маърӯза-семинарҳо барои омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ ва барномаи консертии ҳунармандони театри «Маринский» барои сокинони шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
АМИТ «Ховар»