Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиатномаи гурӯҳи шаҳрвандон — саҳмгузорони бунёди манзилҳои ширкатҳои сохтмонии «Муҳаммад 2009» ва «Муҳаммад 2014»-ро, ки дар нашрияи «Азия Плюс» зери сарлавҳаи «Мо танҳо ба Мири шаҳр умед мебандем» ба чоп расида буд, мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар робита ба ин маводи нашршуда Раиси шаҳр ба масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ ҷиҳати мусоидат ва фароҳам овардани шароит ба ташкилотҳои сохтмонӣ, ҳарчӣ зудтар ба итмом расондани корҳои бунёдии иншооти нотамоми манзилҳои истиқоматӣ, ҷоннок ва пурзӯр кардани корҳои сохтмонӣ ва ба таври бетаъхир бартараф кардани тамоми камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
АМИТ "Ховар"