Рӯзи 26-уми август дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертӣ бо иштироки дастаҳои эҷодӣ ва ҳунарии вилоятҳои Қазоқистони Ҷанубӣ барпо мегардад.
Барномаи консертӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар доир гардида,ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида мешавад.