Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили хонандагон аз 1 то 31 январ сурат мегирад.
«Дар давраи таътил ба муассисаҳои таълимӣ тавсия дода мешавад, ки хонандагонро ба олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ омода намоянд. Омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва дигар курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда шаванд. Хонандагон бояд бештар ба хондани китобҳои бадеӣ машғул шаванд»,- иттилоъ дод манбаъ.