Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ дар назди шумораи зиёди аҳолии водии Язгулом, ки барои мулоқот бо сарвари давлат ҷамъ омада буданд, суханронӣ карда, оид ба вазъи корҳои ободонию созандагӣ, дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ, комёбиҳои мардуми меҳнаткаши ин водӣ, ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаю бобарори Ҳукумати мамлакат андешаронӣ намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои гуногун ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми ноҳияи Ванҷ хоса водии Язгуломро аз баракати сулҳу суботи сартосарӣ, пойдории ваҳдати миллӣ, сиёсати бобарори Ҳукумати мамлакат ва пуштибонии халқ аз он маънидод кард.
Пешвои миллат ба аҳли ҷамоатчигӣ барои заҳмати созандаву фидокорона ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуд. Президенти мамлакат иброз дошт, ки водии Язгулом тайи солҳои охир ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар рӯзҳои истиқбол аз солгарди навбатии ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ин водӣ бинои бунгоҳи тиббии деҳаи Будун ва бинои шуъбаи минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҷамоати деҳоти Язгулом мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун аз ҷумла сохтмони толори варзишӣ бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 45 ва таҷдиди пурраи Нерӯгоҳи барқии обии деҳаи Андарбак бо маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ бо иқтидори 500 киловат соат идома дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми водии Язгуломро ба корҳои ободонӣ, рушди соҳаи боғдорию зироаткорӣ, тарбияи ҷавонон, корҳои созандагӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва риояи қонунҳои амалкунанда, даъват намуд.