Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми шукргузору ваҳдатсарои ноҳия бо рӯҳияи баланд, самимияти беандоза ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат, ки ба нафъи давлату миллат равона шудаанд, истиқбол гирифтанд. Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои кишоварзии деҳоти ба номи Талбак Садриддинов ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши деҳқонон, ки дар парвариши сабзавоту полезӣ, пахта, боғдорӣ ва истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, шинос шуданд. Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаи фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати мамлакат мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ- таъмини амнияти озуқаворӣ ноил шавем ва бо ин роҳ сатҳи зиндагии мардумро аз ин ҳам беҳтар намоем. Тавре ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ амал менамоянд. Соли равон дар майдони 8 ҳазору 532 гектар бо истифода аз таҷрибаи пешрафта кишти зироати гуногунро ба роҳ мондаанд. Ба таъкиди кишоварзони ноҳия, соли ҷорӣ бо роҳи зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулот низ афзоиш ёфта, он барои расидан ба натиҷаҳои назаррас, пеш аз ҳама, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва аз худ кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат мусоидат намуд. Ҳамзамон фароҳам овардани шароит барои деҳқонон, аз қабили дастрас намудани техникаҳои муосири кишоварзӣ, қарзҳои имтиёзнок ҷиҳати пешбурди кор ва гирифтани ҳосили дилхоҳ заминаи воқеӣ ба вуҷуд овардааст. Ҳамин аст, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Шаҳритус 7 ҳазору 819 тонна ғалладонагӣ, 23 ҳазору 372 тонна сабзавот, 2 ҳазору 490 тонна картошка, 18 ҳазору 929 тонна полезӣ, 2 ҳазору 765 тонна мева ва 1 ҳазору 366 тонна ангур ҷамъоварӣ намуда, бо истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам дар фаровонию арзонии маҳсулоти кишоварзӣ саҳм мегузоранд. Имрӯзҳо хоҷагидорон дар баробари таъмини бозори дохилӣ маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар низ содирот мекунанд. Аз аввали соли равон то имрӯз аз ноҳияи Шаҳритус беш аз 4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, полезӣ, пиёз ва мева ба хориҷи кишвар содир карда шудааст. Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти мева низ дар ноҳия корҳо натиҷаҳои хуб доранд. Дар ноҳия танҳо дар соли ҷорӣ 55 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки оянда ин тадбир дар афзун гардидани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ нақши асосӣ хоҳад гузошт. Б

Tags: