Бахшида ба ҷамъбасти Соли ҷавонон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид.
Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода дар бораи дастовардҳои ҷавонони Донишкада дар Соли ҷавонон чунин иброз дошт: «Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 барои ҷавонон роҳу имкониятҳои нав фароҳам оварда, таваҷҷуҳ ба ин табақаи ҷомеа бештару ҷиддитар гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбат ба ҷавонон боварӣ ва эътимоди хешро изҳор мекунанд, ки ин боиси рӯҳбаландию дилгармии онҳо дар роҳи ватандӯстиву ободкорӣ шудааст. Ин аст, ки имрӯз дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим-таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, хулоса, дар раванди пешрафту ободонии мамлакат нақш ва саҳми ҷавонон басо назаррас аст».
Зикр гардид, ки соли равон бо иштироки ҷавонони ташаббускор иқдомҳои зиёде амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, ҳамоишҳо, семинару конфронсҳо, вохӯриву суҳбатҳо дар мавзӯъҳои муҳим, аз қабили «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд», «Ваҳдати миллӣ – пояи давлат», «Оилаи солим – ҷомеаи солим», «Нашъамандӣ – вабои аср», «Об – сарчашмаи ҳаёт» ва барномаҳои гуногуни варзишиву фарҳангӣ гузаронида шуданд.
«Донишкада баҳри такмилу тақвияти маҳорату малакаи касбии мутахассисони ҷавон ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон корҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд. Таҷриба собит сохт, ки ҷавонон на танҳо дар самти фаъолияти касбии худ муваффақанд, балки дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ низ дар муддати кӯтоҳ бо диди наву донишҳои замонавӣ ба комёбиҳо ноил мегарданд»,-илова намуд ректори Донишкада.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода дар хусуси сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои донишандӯзӣ, ба корҳои муфид ҷалб намудан ва ба идоракунии давлатӣ бештар қабул намудани онҳо сухан карданд.
АМИТ "Ховар"