Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 18 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки боронӣ (гузариши борон ба барф) пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-3 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук мешавад.
«Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи боронӣ ва дар баъзе ҷойҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат ва баъзан фаромадани туман пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук мешавад»,-илова намуд манбаъ.
Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва баъзан фаромадани туман ва боридани барф пешбинӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"