Имрӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш   дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш  шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона -2-0   ва рӯзона +9+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои бебориш пешгӯӣ    шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8 метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +3+5 ва рӯзона  +15+17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда,  ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона +16+18   дараҷа хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона ба -1+4 ва рӯзона ба 13+18 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, шабона 3+5  ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"