Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст

Имрӯз, 25 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф  дар назар дошта шудааст. 

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрии тағйирёбанда шуда, дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят боридани барф дар назар аст. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.