Нахустин гурӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нияти зиёрати Каъба 21 август тавассути хатсайри Душанбе-Мадина озими Арабистони Саудӣ мегарданд.
Афшин Муқим, сардори маркази матбуоти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки соли равон беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавофи Каъба менамоянд. Мавсуф афзуд, ки 50 % зоирони тоҷик тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ, назири «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ва 50 %-и дигар тариқи ширкати ҳавонавардии Арабистони Саудӣ «Fly Nas» ба Арабистони Саудӣ парвоз менамоянд. Се парвоз аз Душанбе ба самти Мадинаи мунаввара ва парвозҳои боқимонда аз Хуҷанд ва Душанбе ба самти Ҷидда сурат мегиранд.
Бояд тазаккур дод, ки сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ то 5 сентябр идома меёбад.
Афшин Муқим афзуд, ки соли равон зоирони тоҷик дар меҳмонхонаҳое, ки дар масофаи 600 -800 метр аз Масҷид-ул-Ҳарам ва Масҷиди Набавӣ воқеъанд, ҷой карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон маблағи маросими ҳаҷ барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ҳазору 649 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки он муодил ба 3600 доллари амрикоист. Дар соли равон ба ҳар 45 нафар зоири тоҷик як роҳбалад рост меояд, мегӯяд намояндаи масъули Кумитаи дин. Роҳбаладон, нафароне мебошанд, ки тариқи озмун интихоб гардидаанд, забони арабӣ ва маносики ҳаҷро хуб медонанд, инчунин қобилияти хуби ташкилотчигӣ доранд. Ҳамзамон дар маросими ҳаҷи фарзии соли равон 20 нафар табибон, ки бо тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд ва 10-12 нафар ошпазҳои сатҳи касбӣ ба зоирони тоҷик хизмат мерасонанд.
Бозгашти зоирони тоҷик аз Арабистони Саудӣ аз 17 сентябр оғоз гардида, то 5 октябр идома меёбад. Мавриди зикр аст, ки соли равон дар асоси тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо шаҳрвандоне, ки синашон аз 40 боло аст, ҳуқуқ доранд маросими ҳаҷи фарзиро ба ҷо оранд. Яке аз омилҳои роҳандозӣ намудани ин тасмим аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба хотири он амалӣ карда мешавад, ки талаботи хаҷравандагон дар кишварамон зиёд буда, ин тадбир ба хотири роҳ ёфтани нафарони синнашон калон, ки солҳо дар навбати ба ҷо овардани маросими ҳаҷи фарзӣ мебошанд, андешида шудааст. Инчунин зарфи солҳои охир Арабистони Саудӣ бо сабаби идома додани корҳои таъмирӣ дар атрофи Масҷид-ул-Ҳарам барои тамоми кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 % квотаи маросими ҳаҷи фарзиро ихтисор намудааст.
АМИТ «Ховар»