28-29 октябр дар Душанбе ҷаласаи 30-юми Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба Афғонистон аз кишварҳои узви СААД, кормандони Котиботи Созмон, инчунин намояндагони Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ ва Кумитаи Иҷроияи сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо зарурати идомаи раванди таҳкими тадбирҳо аз ҷониби кишварҳои узви СААД дар самти Афғонистонро дар асоси дуҷониба ва дар сиғаи ҳамоишҳои байналмилалии тахассусӣ таъкид карданд.
АКС: ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»