Рӯзи 21-уми марти соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод, бо шукўҳу шаҳомати хоса Иди байналмилалӣ ва бостонии Наврўзи Аҷам бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ, шаҳрвандони кишвари иқомат, роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Ашқобод таҷлил гардид.
Зимни чорабинии фарҳангӣ меҳмонон дар намоишгоҳ ба дастурхони Наврўзӣ, аз ҷумла ҳафт сину ҳафт шин, осори ҳунарҳои халқии мардуми тоҷик, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, саноати хӯрока таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд ва дастаи ҳунармандони Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Инчунин, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо тариқи телевизони давлатии Туркманистон оид ба таърих ва мақоми байналмиллалӣ гирифтани Иди Наврўз, пайвастагиҳои таърихии ду миллат ва таҷлили ҷашни бостонии Наврӯзи Аҷам дар Тоҷикистон баромад намуда мардуми дӯсту бародари Туркманистонро бо Иди Наврузи байналмилалӣ табрику таҳният арз намуда бо онҳо сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно кард.
АМИТ "Ховар"