Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Турсунзода чанд иншоотҳои варзиширо барои мини-футбол ва футболи соҳилӣ ифтитоҳ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар маросими ифтитоҳи майдончаҳои нави варзишӣ ҳамчунин раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода ширкат варзиданд.
Бо иштироки онҳо се майдончаи футбол барои мини-футбол, аз ҷумла ду майдонча бо пӯшиши сунъӣ ва яке табиӣ, инчунин майдонча барои футболи соҳилӣ ба истифода супорида шуданд. Ин иншоотҳои варзишӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи гуногун нигаронида шуда ва дорои инфрасохтори тараққикарда — ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва душ мебошад. Ҳамчунин дар ҳудуди иншооти нави варзишӣ осорхонаи футбол барои ҳифз ва намоиши як қатор номгӯи муҳими ҷоизаҳо ва нигораҳои хотиравии футбол таъсис дода шудааст. Иншоотҳои нави варзишӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари маҷмааи варзишии «Самандар-2»Бобоалӣ Табарзода бунёд шудааст.
Майдончаҳои варзишӣ туҳфаи рамзӣ ба шаҳри металлургҳои тоҷик дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Майдончаҳои нави варзишӣ, ки тамоми фаслҳои сол барои бозӣ мутобиқанд, чун маркази гузаронидани машқҳо ва бозиҳои футболи хурд ва соҳилӣ дар байни дастаҳои кӯдакону ҷавонон ва ҳатто калонсолон хизмат хоҳанд кард. АМИТ"ХОВАР"