Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон 5 октябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов хабар медиҳад, тибқи талаботи мусобиқа омодагиҳо ҷиҳати баргузории ин мусобиқаи бонуфуз идома доранд. Ба иттилои номбурда, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо иштироки варзишгарон аз 20 кишвари дунё дар назар дошта шудааст.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа зиёда аз 15 нафар варзишгарон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талош хоҳанд кард. Ғолибони панҷумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотпулиҳо қадрдонӣ мегарданд.
Варзишгаре, ки ҷои аввалро ба даст меорад, соҳиби Ҷом ва 56 ҳазор сомонӣ мегардад. Барои ҷойи дуюм 32 ҳазор ва барои мақоми сеюм 16 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо соли гузашта низ дар шаҳри Ваҳдат доир шуда, Ҷом насиби варзишгари украинӣ — Станислав Бондаренко шуда буд. Ҷойи дуюмро Гарсия Мендоз, варзишгар аз Куба ва ду ҷойи сеюмро варзишгарони ӯзбекистонӣ — Муҳсин Кисомиддинов ва Абдулло Тангриев соҳиб гаштанд.
АМИТ "Ховар"