Қоидаҳои одоби варзишгар, мураббӣ, довар ва дигар кормандони соҳаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд

Қоидаҳои одоби варзишгар, мураббӣ, довар ва дигар кормандони соҳаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тӯли чанд моҳи охир ба муҳокима гузошта шуда буд, бо Қарори Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Қоидаҳои одоби варзишгар, мураббӣ, довар ва дигар кормандони соҳаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи қоидаҳои рафтори варзишгарон, мураббиён, доварон ва дигар кормандони соҳаи варзиш мебошад, ки хислати ахлоқии фаъолияти касбии онҳоро таҷассум намуда, аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷомеаи шаҳрвандӣ бармеоянд.
Тавре дар ин санади ахлоқӣ зикр шудааст, амали он нисбат ба варзишгарони ҳаваскор, касбӣ, дараҷаи олӣ, мураббиёну доварон ва дигар кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш татбиқ мегардад.

http://olympic.tj/