Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 5 март оғоз мепазирад

Чемпионати 26-уми мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ аз 5 март оғоз мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар дод.
Тарҳрезии тақвими чемпионати имсола ба шакли нав гузаронида шуда, мустақиман тавассути ТВ «Варзиш» пешниҳоди тамошобинон гардид. Тавре пештар хабар дода будем, дар мавсими нави футбол дар Лигаи олӣ 8 даста иштирок мекунанд. Ба ин қатор дастаҳои «Истиқлол», «Барқчӣ» ва КМВА «Помир» (ҳама аз шаҳри Душанбе), «Ҳосилот» -и Фархор, «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва ғолиби Лигаи якуми чемпионати мамлакат -«Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ дохил шуданд.
Тибқи қуръакашӣ дар ду даври аввал дастаҳои зерин бо ҳам қувва месанҷанд:
Даври 1
«Барқчӣ» «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» «Панҷшер»
«Ҳосилот» «Хуҷанд»
«Вахш» КМВА «Помир»
Даври 2
«Истиқлол» КМВА «Помир»
«Хуҷанд» «Вахш»
«Панҷшер» «Ҳосилот»
«Барқчӣ» «Регар-ТадАЗ»
Бори аввал чемпионати Тоҷикистон дар мавсими соли 2017 дар се марҳала гузаронида мешавад. Дастаҳо дар ин муддат 21 вохӯрӣ мегузаронанд. Аз рӯи пешниҳоди Лигаи футбол ва низомномаи нав дастае, ки зинаи охирро дар мавсим ишғол мекунад, аз Лигаи олӣ ба Лигаи якум мегузарад ва дастае, ки зинаи 7-умро соҳиб мешавад, бо дастаи зинаи дуюми Лигаи якум дар бозии гузариш ширкат меварзад. Ғолиб ба Лигаи олӣ мегузарад ва ё боқӣ мемонад. Тақвими пурраи мусобиқа баъди тасдиқ шудан ва ҷадвали баргузории бозиҳои марҳалаи сеюм баъди анҷоми марҳилаи дуюм ба нашр хоҳанд расид.

Манба: Амит"ХОВАР"