Гузаштагони мо талқин намудаанд, ки дар муҳофизати Ватан бо номи нек мурдан аз он зиндагоние, ки душман бар ту зафар ёфта, шодмонӣ намояд, ҳазорон маротиба беҳтар аст. Фарзанди фарзонаи миллат, афсари шуҷоъ, сардори отряди сарҳадии «Шӯрообод» Хайриддин Аҳтамов бо корнамоии худ собит намуд, ки дар роҳи ҳимояи Ватан мурдан – зистан аст. Ӯ ҳамеша дар ёду қалбҳои мардуми мо зиндаву ҷовид хоҳад буд. Чунин зикр намуданд дӯстону ҳамхизматон дар маросими дафни ин марди шуҷоъ ва некном, ки 3-юми декабр дар зодгоҳаш- деҳаи Лолазор, ҷамоати деҳоти «Ватан»-и ноҳияи Фархор баргузор шуд.
Полковники Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Аҳтамов 2 декабри соли 2017, соати 19:10 дақиқа, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шӯрообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) ҳангоми пешгирии убури мусаллаҳонаи ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расид.
Хотиррасон менамоем, ки Хайриддин Аҳтамови 42-сола баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи олии сарҳадии шаҳри Рязани Россия дохил шуда, онро соли 1997 хатм намудааст. Ӯ аз соли 1997 корро дар мақомоти интизомӣ шурӯъ намуда, то сардори қисми низомӣ расида буд.
АМИТ "Ховар"