Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбар, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва ба мардуми дӯсти Куба, ҳамчунин ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардиву тасаллияти хешро изҳор намуда, барои осебдидагон шифои ҳарчи зудтару комил мехоҳам».