Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 13 март бар асари омадани сел хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр намуданд, ки дирӯз, соати 15:45, бар асари бориши боронҳои шиддатнок дар маҳаллаи Чашмасори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ярч ба амал омада, роҳи мошингарди маҳаллиро, ки аз байни деҳа мегузарад, обу лойқа пур кард. Инчунин деворҳои атрофи замини наздиҳавлигии 2 хонаи истиқоматии шаҳрвандон зарар диданд. Талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудаанд.
Тавре сухангӯи Кумита Умеда Юсуфӣ зимни суҳбат баён дошт, инчунин дирӯз соати 20:30, дар деҳаи Ваҳдат ва Файзбахши Ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав бар асари бориши борони шиддатнок сатҳи оби канали «Мулло Шодӣ» баланд гардида, аз соҳилҳо ҷорӣ шуд ва ба 10 қитъаи замини назидиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа даромад. Ҳамчунин оби селпартоҳо зиёд ҷорӣ шуда, роҳҳои мошингарди байни деҳаҳоро дар ҳудуди деҳаи Файзбахш ба масофаи 1000-1200 метр пур аз обу лойқа намуд. Ҳамзамон дар хоҷагии И.Меликмуродов 20 га заминҳои кишти зироати полезӣ зарар диданд.
Дар ҷои ҳодиса 2 адад техника сафарбар карда шуда, ҳолати рухдода дар давоми 4 соат аз ҷониби қувва ва воситаҳои Комиссия оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳодисаҳои табиии ноҳияи Шаҳринав бартараф карда шуд. Соати 11:55 -и ҳамон рӯз, дар километри 562-юми деҳаи Пасхуфи Ҷамоати деҳоти Пасхуфи ноҳияи Рӯшон бар асари бориши борон тарма фаромада, роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ маҳкам гардид ва соати 14:00 роҳ пурра кушода шуд.
Худи ҳамон рўз соати 17:20 дар мавзеи Шитамии Ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнон бар асари бориши борон дар километри 676-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб тарма фаромада, дар натиҷа роҳ маҳкам гардид. Барои бартарафсозии ин ҳодиса техникаи махсус ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 18:28 роҳ пурра тоза карда шуд.
АМИТ "Ховар"