«ХУДО ОН МИЛЛАТЕРО САРВАРӢ ДОД…»

«ХУДО ОН МИЛЛАТЕРО САРВАРӢ ДОД…». Муовини аввали Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон

25 сол пеш, дар айёме, ки масъалаи бақои давлату давлатдории тоҷикон ва ҳамчун миллати воҳид вуҷуд доштани мардуми мо таҳти хатари воқеӣ қарор гирифта буд, дар  Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд  Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар ҷараёни он самтҳои асосии сиёсати сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини суботи ҷомеа ва давлатсозиву давлатдорӣ тарҳрезӣ карда шуданд.

Воқеан, агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали истиқлолияти Ватанамон назар афканем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи таърихии XVI сароғози таърихи навини мо ба шумор меравад. Дар робита ба нақш, аҳамият ва дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Сараввал бо камоли хушҳоливу ифтихор солгарди ин рӯйдоди бузурги таърихӣ- Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барқарор гардидани сохти конститутсионӣ ва оғози наҷоти давлату миллатамонро ба Шумо табрик мегӯем. Мегуфтед, ки чаро мардуми тоҷик ба ин Иҷлосия арҷгузорӣ мекунад ва бо даъват шудани он дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон чӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд?

С. Фаттоҳзода: Мусаллам аст, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории ин Иҷлосия сарчашма мегирад. Ва ин таърихи миллат ва халқи кишвар бо ному фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Мо ба он хотир ба ин Иҷлосияи тақдирсоз арҷгузорӣ мекунем, ки бо шарофати он на танҳо ба ҷанги таҳмилии дохилӣ хотима бахшида, сохти фалаҷгаштаи конститутсиониро барқарор намудем, балки ҷиҳати эҷоди механизми одилонаи гуфтушуниди сулҳ ва имзои Санади истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон муваффақ  гаштем.

Таъкид намудан зарур аст, ки роҳи сулҳу оштӣ осону ҳамвор набуд, зеро на ҳама намояндагони ҷонибҳо барои сари мизи музокирот нишастан омода буданд. Бинобар ин дар бораи он солҳо аз мавқеи имрӯза сухан гуфтан осон менамояд. Он вақт ҳар рӯз як хабари нав, як рӯйдоди фоҷианоку даҳшатбор, кушторҳои мармузи ходимони давлатию  намояндагони касбу кори мухталиф, талошҳои ғасби шаҳру навоҳии мамлакат ва нофармонии баъзе қумондонҳоро мешунидем, ки ин ҳолат воқеан ҳам барои мардуми мо воҳиманок ва ташвишовар буд.

Яқинан, халқу миллати тоҷик дар ҳоли парокандашавӣ қарор дошт. Тамомияти арзии сарзамини тоҷикон- ин Ватани азизу муқаддаси мо зери хатар буд. Хушбахтона, бо иродаи матину тамаддуни баланди мардуми шарифу сарфарози тоҷик пеши роҳи парокандашавӣ гирифта шуд. Бо даъват шудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон марҳилаи нави пешгирии нобасомониҳо оғоз ёфт. Зимнан, дастоварди муҳиму тақдирсози Иҷлосия ҳамин буд, ки вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид.

АМИТ «Ховар»: Воқеан ҳам бисёр таърихнигорони дохиливу хориҷӣ Эмомалӣ Раҳмонро  бозёфти нодири ҳамин Иҷлосия номидаанд…   

С. Фаттоҳзода: Ин раҳми Худованд буд, ки маҳз ҳамин шахс барои ором сохтани вазъи муташанниҷ ба зуҳур омад. Бо вуҷуди муддате идома ёфтани ҷангу ҷидоли миёни тоҷикон иродаи матин ва қатъияти ҳамин шахсият буд, ки дар ниҳоят халқу Ватани азизи мо аз гирудори воқеаҳои нангину вазнини нобасомониҳо, нафрату бадбиниҳо ва ҳамдигарнофаҳмиҳо наҷот дода шуд. Бо эътимоди комил гуфта метавонам, ки ягон каси дигар аз уҳдаи чунин рисолат баромада наметавонист.

Барои қиёс бигирем Афғонистони ҳамсоя ё дигар мамолики ҷангзадаи дунёро, ки чандин солҳо авзои пурташаннуҷи кишварҳояшонро ба ифоқа оварда наметавонанд. Дар ин давлатҳо бисёр абарқудратҳо мудохилаи низомӣ ҳам карданд, аммо вазъро ором ва сулҳу суботро таъмин карда натавонистанд. Сабабаш ҳамин буд, ки ин миллату халқҳо ва кишварҳо пешвои қотеъ ва ғаюру фидоӣ надоранд. Худованд ба миллати тоҷик Пешвоеро чун Эмомалӣ Раҳмон эҳдо намуд.

Ба қавли шоир Муҳаммад Иқбол:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Дар дунё шахсиятҳое ҳастанд, ки дар умури давлатдорӣ метавонанд нақши таърихӣ дошта бошанд. Онҳо бо маҳорату истеъдоди роҳбарӣ, маҳбубияти дар миёни мардум доштаашон қудрате доранд, ки халқро сарҷамъ намоянд ва ба масири созандагӣ ҳидоят намоянд. Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин гуна хислатҳои наҷибашон на танҳо ҷангу хунрезии миёни намояндагони як миллатро хомӯш карда, равандҳои марказгурезиву минтақагароиро барҳам заданд, балки давлати дар варта қарор доштаро ба маънои томаш наҷот бахшиданд ва ба роҳи рушду тараққиёт бароварданд.

АМИТ «Ховар»: Биёед ба хотир орем, ки аз кадом давра марҳилаи нави ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоӣ оғоз ёфт?

С. Фаттоҳзода: Маҳз дар Иҷлосияи XVI Сарвари давлат ҳамоно баъди интихоб шуданашон аз мардуми саросари кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар атрофи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр — Ватани маҳбубу ягонаи мо» ба ҳам омада, муттаҳиду якдилу яктан шаванд. Хушбахтона, тамоми сокинони мамлакат ин даъватро сарҷамъона пазируфтанд ва барои барқарорсозии сохторҳои қонунии кишвар камар бастанд. Марҳилаи нави ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар мамлакат маҳз  аз ҳамин давра оғоз ёфт. Бинобар ин мардуми мамлакат Иҷлосияи мазкурро тақдирсозу ҳалкунанда  меноманд.

Иҷлосияи XVI воқеан ҳам рӯйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аввалин гомҳо бардошта шуданд. Дар бораи нақши муҳими Иҷлосияи XVI воқеанигорон ва таърихнависон фикру ақидаҳояшонро баён доштаанд. Мардум ба аҳамияти тақдирсози он арҷ мегузоранд ва заҳмати бузургу талошҳои вакилони ҳамонвақтаро барои оромию субот қадрдонӣ менамоянд.

Маҳз дар ҳамин Иҷлосия рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон – Парчам ва Нишони давлатӣ қабул ва тасдиқ шуданд, ки ин аз эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бо нангу номус дар ҳамон давраи муташанниҷ дарак медод. Ҳарчанд, ки   мо дар шароити истиқлолият зиндагӣ доштем, мутобиқи Конститутсияи замони шӯравӣ фаъолият мекардем.

Дар ҳамин замина ба эҷоди сохти нави давлату давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи тозаистиқлол ибтидо гузошта шуд. Дар ҳамин ҷо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқасос ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҷомеаи Тоҷикистон қарор гирифт. Бо мурури замон дар заминаи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба ислоҳоти демократии ҳаёти давлату ҷомеа шурӯъ намуда, пай дар пай ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аъзо шудем.

Шароити мусоид ба вуҷуд омад, ки сохти давлатдориамонро такмил диҳем, қонунҳои нав таҳия намоем ва ба санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид кунем. Дар заминаи суҳбату мулоқотҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардум чандин пешниҳодҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба назар гирифта шуд, ки дар ниҳоят Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро мавриди баррасӣ ва тасвиб қарор дод. Қонуни мазкур воқеан ҳам аз ҷониби мардум ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт ва дар ҷомеа як таҳаввулот ё  инқилоби фарҳангию маънавиро ба вуҷуд овард.

АМИТ «Ховар»: Мо лаҳзаҳои ҳассос ва пурошӯби таърихи навтарини кишварамонро барои он ёдовар шудем, ки роҳи душвор ва пурфоҷиаи истиқлолияти Тоҷикистонро бори дигар пеши назар оварем. Имсол, ки  Соли ҷавонон эълон гардидааст, ба андешаи Шумо вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи ҷавонон бояд чӣ бошад?

С. Фаттоҳзода: Тавре маълум аст, дар доираи Соли ҷавонон насли ҷавон боз ҳам бештар ташаббусу иқдомҳои созанда амалӣ намуда, дар амри бунёдкории Ватан саҳми муносиб гузошта истодаанд. Дар ин замина тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи ҳамаи сохторҳо, аз ҷумла, рисолати ҲХДТ маҳсуб меёбад. Таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо, ки баробари падидаҳои нек зуҳури ҳаракату гурӯҳҳои тахрибкорро низ дар пай дорад, бояд аз мадди назар дур набошад.

Ҷавонон бояд донанд, ки бунёди ҷомеаи озод, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, аз талаботи воқеияти имрӯза мебошад. Ҷомеае, ки ҳар фарди он худро озод ҳис менамояд, метавонад тамоми неруи зеҳнӣ, ақлонӣ ва ҷисмониро барои пешрафти хеш ва рушди ҷомеа истифода намояд.

Он ҳадафи бузурге, ки мо дар назди худ гузоштаем, яъне ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чӣ андоза барои азхудкунии дастовардҳои илму техника, омӯхтани забонҳо, арзишҳои нави башарият кӯшишу ғайрат нишон медиҳанд. Ҳар миллат бояд тақдирашро бо дасти худаш нависад. Ба ёд овардани чунин ҳодисаҳо ба он хотир аст, ки мо тавонем воқеияти таърихиро бо ҳама бурду бохт, паҳлуҳои мусбату манфӣ ва омилҳои объективию субъективии он арзёбӣ намуда, ба дасисабозии пасипардагии душманони миллати тоҷик фирефта нашавем.

Зеро дар раванди ташаккули худшиносии миллӣ маърифат ва огоҳии сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ва зиракии сиёсӣ шарти муҳимтарин аст. Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ паст рафтани маънавиёт дар миёни баъзе табақаҳо ва кунд шудани хотираи таърихӣ буд. Ба ибораи дигар, дар ҷараёни густариши худшиносии миллӣ ифтихор кардан аз таъриху тамаддуни гузашта, ниёгони бофарҳанг ва арзишҳои фарҳанги миллӣ басанда нест.

Бинобар ин ҳамоно баъди Иҷлосияи таърихӣ бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри давлатсозиамон корро аз гузоштани заминаи ибтидоӣ ва асосҳои ғоявии сулҳи миёни тоҷикон, консепсияи сиёсати оштии миллӣ оғоз кардем, ки тадбирҳои нигоҳ доштани якпорчагию тақсимнопазирии марзҳои Тоҷикистон, пуштибонии истиқлолияти миллӣ ва рукнҳои давлатдории ягона ҳадафҳои бунёдӣ ба шумор мерафтанд.

Ҳукумати Тоҷикистон баъди Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсис додани артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ ва амнияту милитсия оғоз намуд, то ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон пурзӯр карда шуда, амнияти давлатӣ таъмин ва дастовардҳои истиқлолият ҳимоя ва афзун гардонда шавад. Ваҳдати миллӣ дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид.

Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон ба мо муяссар гардид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ намоем. Дар замони ниҳоят пуртазоди соҳибистиқлолӣ нақши созандаи сулҳу ваҳдат, пеш аз ҳама, дар амри таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро амалан таъмин мекунад, равшантар зоҳир гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саъю талоши мардум аз эҳтирому риояи ҳамешагии он башорат медиҳад, ҳамчун асоси таҳкими ваҳдати миллӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандонро, сарфи назар аз ҷинс, нажод, эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ кафолат дода, меъёрҳои он барои эҳтироми байниҳамдигарии тамоми аъзои ҷомеаи мо заминаи боэътимод гузошта истодаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштаанд. Чанд ҳазор сол пеш қабул гардидани аввалин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки то имрӯз моҳияти худро гум накардааст, далели равшани фалсафаи таҳаммулгароии ниёгони мо ва эътирофи ваҳдат миёни халқу миллатҳо ва дину мазҳабҳо аз ҷониби онҳо мебошад.

Ҳамчунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла, аҳзоби сиёсӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма бо дарки масъулият дар назди халқу Ватан дар ҷодаи таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии мамлакат ибтикори ҳамешагӣ нишон медиҳанд. Ҳама гуна ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои иҷтимоӣ бояд манофеи ҳизбию гурӯҳиро аз манфиатҳои умумимиллӣ боло нагузоранд, балки барои обрӯи халқу миллат талош варзанд.

Дар ҳар гуна ҷомеа ва ё давлати демократӣ  бояд мухолифати солим ё ки аҳзоби тибқи муқаррароти Конститутсия фаъолиятдошта мавҷуд бошад. Мо ҷонибдори рақобати солим ва  оппозитсияи солим мебошем. Оппозитсия барои он зарур аст, ки дар баробари ҳукумат қарор гирифта, камбудиҳоро ошкоро ва рӯирост гӯяд. Барои ислоҳи онҳо талош намояд, монеа нашавад. Танҳо бо роҳи демократӣ, яъне ба воситаи ширкат варзидан дар интихоботҳо ҳадафу мақсадҳояшро амалӣ гардонад.

АМИТ «Ховар»:  Баъди барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ чӣ гуна ба роҳ монда шуд?

С. Фаттоҳзода: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно баъди баргузории Иҷлосияи таърихӣ бо барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ ба тамоми мардум, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо муроҷиат намуда, даъват карданд, ки ба эҳсосот дода нашаванд, зеро Ватани худро танҳо худамон обод мекунем. Бинобар ин ба суханони душманони миллат фирефта нагарданд ва зархариди давлатҳои бегона набошанд. Табиист, ки мардуми ташнаи сулҳ ин даъватро пазируфт ва он ба таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ мусоидат намуд.

Ба шарофати сулҳу субот ва ризоияти миллӣ фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи қонун, дар ҳаёти ҷомеа ҷорӣ намудани гуногунандешии сиёсӣ имкон дод, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо риояи ҳуқуқҳои баробари ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ сурат гирад. Ва Парлумони Тоҷикистон амалан мақоми олии қонунбароре гардид, ки дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсии гуногун то имрӯз якҷоя фаъолият намуда, дар таҳия ва қабули қонунҳо ва барномаҳои муҳими давлатӣ ширкат карда истодаанд.

Ба ин васила корҳои бунёдӣ дар бобати фароҳамсозии заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ барои фаъолияти озодонаву пурсамари шохаҳои ҳокимият, инчунин фаъолияти озоди ҳар як шаҳрванд ба анҷом расонида шуданд. Ҳоло вазифаи муқаддаси мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ғайридавлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳар як фарди Тоҷикистон бояд аз он иборат бошад, ки дар таъмини волоияти қонун ва риояи бечунучарои қонуният саҳмгузор бошанд.

Дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон дар тӯли солҳои истиқлолият қобили мулоҳизаанд. Вале дар маҷмӯъ ҳамаи ин дастовардҳо набояд моро қаноатманд созанд. Бо талошҳои зиёд ва амалӣ намудани тадбирҳои муассири ҳукумат сатҳи камбизоатӣ то ба 30 дарсад поён оварда шуд.

Дар ин самт мақомот тадбирҳои иловагӣ андешида истодаанд. Бо ин мақсад  «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2030» таҳия гардидааст. Ин санади одӣ нест, балки бо татбиқ шудани он бисёр проблемаҳои иқтисодию иҷтимоии мо   ҳалли худро меёбанд. Барои амалӣ гаштани он ҳамаи сохторҳо, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, ҳар кадом шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо масъулият ва ҷиддият муносибат кунанд ва саҳмгузор бошанд.

Бо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамаи фаъолияти вобаста ба ободонию созандагиро анҷом додан имконпазир аст. Дар тӯли 25 соли баъди Иҷлосияи таърихӣ мо тавонистем, ки ҳама гуна пастию баландиҳо, буҳрону мушкилот ва ниёзмандиҳоро пушти сар намуда, Тоҷикистонро ба як кишвари орому осуда, орӣ аз нобасомонию ҷангу ҷидол ва фитнаю тавтеаҳо табдил дода, фазои сулҳу суботро таъмин намоем. Вобаста ба шароиту имкониятҳо сатҳи зиндагонӣ беҳтар гардид.

Нақшаҳо ва барномаҳои азимеро, ки ҳизби мо барои ояндаи наздик дар бобати таъмини истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, фарҳангӣ, таҳкими маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ғайра пешбинӣ намудааст, бояд қотеъона амалӣ гардонем. Авзои пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза нишон медиҳад, ки андозаву миқёси хатарҳои бузурги умумибашарӣ қодир аст баъзе кишварҳои гирифтори нобасомониҳои дохилиро ба фазои ҷангу низоъҳои мухталифи идеологию динӣ, муноқишаҳои марзӣ, зиддиятҳои миллию нажодӣ кашонад. Дар ин маврид мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва нисбат ба ҳама гуна тағйироту дигаргуниҳо бетафовут набошем, балки ба онҳо баҳои муносиб дода, дар фикру андешаи ободию созандагӣ бошем.

 АМИТ «Ховар»: Таманниёти Шумо ба мардуми Тоҷикистон…

С. Фаттоҳзода: Ҳамватанони азизро бо 25- солагии иҷлосияи сарнавиштсоз табрик гуфта, орзу менамоям, ки дар сарзамини аҷдодиамон офтоби сулҳу сафо ҳамеша дурахшон бошад!

Мавҷуда АНВАРӢ,

  АМИТ «Ховар»